«Муҳоҷир» (филм)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муҳоҷир
مهاجر
Коргардон

Комил Ёрматов

Мамлакат

Тоҷикистон

Забон

беовоз

Сол

1934

Филми «Муҳоҷир» (порсӣ: مهاجر ) - (соли 1934), коргардон Комил Ёрматов, барҷастатарин филми бадеии беовози синамои тоҷик маҳсуб мешавад.

Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон - нақши асосии занонаро - аввалин ҳунарпешаи синамои тоҷик София Тӯйбоева бозӣ кардаанд. Филми мазкур ҳикоятест аз қисмати ҷавоне, ки дар зиндагӣ раҳгум зада, дар кишварҳои ҳамсоя бахт меҷӯяд. Аммо саодати хешро наёфта, ба қадри ватан мерасад ва дубора ба замини аҷдодии хеш бармегардад. Сарфи назар аз хусусияти ташвиқию тарғибиаш филми мазкур бори аввал дар кинои ҳунарии тоҷик мавзӯи инъикоси воқеии ҷанбаи миллиро мавриди таҳқиқи синамоӣ қарор дод ва то қадри имкон онро баррасӣ намуд. Аз ин нигоҳ гузориши мавзӯъ, офаридани нақшҳо ва, аз ҳама муҳимаш, инъикоси воқеии ҳаёти мардум арзиши филмро боло бурдаанд. «Муҳоҷир» бо комёбию нокомии хеш исбот кард, ки кино метавонад хусусияти миллӣ дошта бошад ва бояд имкониятҳои истифоданашудаи филми ҳунариро дар ин самт нишон диҳад. [1] [2]

Манбаъ[вироиш]

  1. Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012, с. 7
  2. Сомонаи Тоҷикфилм