Ёдгориҳои табиат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ёдгориҳои табиат — ин маҷмӯи ёдгориҳое мебошанд, ки дар натиҷаи рушди эволюционии табиат пайдо ва ошкор гардидаанд. Ин гуна ёдгориҳо аз тарафи одамон ҳамчун ёдгории аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ дошта эътироф гардидаанд.

Дар Тоҷикистон мавзеъҳои табии Искандаркӯл, Сарез, Гармчашма, Чилучорчашма, Сари Хосор, Ҳафткӯл ва ғайраҳо ба маҷмӯи ёдгориҳои табиат дохил мешаванд.

Роҷеъ ба ҳар яке аз ин ёдгориҳо ривоятҳо ҷой доранд, ки онҳо аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин гуна мавзеъҳо макони сайёҳӣ буда диққати сайёҳонро бештар ҷалб месозанд.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 22.