Ёдгор Саъдиев
Намуди зоҳирӣ
Ёдгор Саъдиев | |
|---|---|
| ӯзбекӣ: Yodgor Habibovich Sa'diev | |
| Таърихи таваллуд: | 12 июн 1946 (79 сол) |
| Зодгоҳ: | |
| Шаҳрвандӣ: | |
| Касб: | ҳунарпеша, коргардон, таҳиякунандаи филм |
| Корнома: | 1970 — то ҳол |
| Ҷоизаҳо: | |
| IMDb: | ID 0756037 |
Ёдгор Ҳабибович Саъдиев (ӯзбекӣ: Yodgor Habibovich Sa'diev; зод. 12 июн 1946, Тошканд) — ҳунарпеша ва коргардони шӯравии узбек, Ҳунарпешаи халқии Узбекистон (1998), барандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Узбекистон ба номи Ҳамза (1989), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2024)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёдгор Саъдиев соли 1946 дар Тошканд дар оилаи ҳунарпеша Ҳабиб Саъдиев ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Институти театр ва санъати рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошканд дохил шуда, соли 1971 онро хатм кардааст[2]. Аз соли 1968 то ба имрӯз ҳунарпешаи дастаи Театри давлатии академии драмавии узбек ба номи Ҳамза мебошад. Соли 1998 роҳбари бадеии студияи «Қалқон» дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон таъйин шуд.
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хунарпеша
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1967 — Дилбарам — Абдусалом
- 1968 — Реги сурх — аскари сурх Юсуф
- 1969 — Кучаи сездаҳ сафедор — Алимҷон
- 1971 — Анҷоми халабонони барфӣ (ҶДО) — Мухатен
- 1972 — Синну соли изтироб — эпизод
- 1975 — Ту, суруди ман — эпизод
- 1978 — Нафаси хокистарии аждаҳо (ҶДО) — Му Ха Тиен
- 1983 — Шикастнопазир — шайх Чаъфар
- 1985 — Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар — Тағой
- 1987 — Армон — Бӯрӣ (падар)
- 1988 — Аъҷуба ё каси дигар — эпизод
- 1989 — Варианти Манчурия — майор Мицуми
- 1990 — Шикори сагҳои рамида — котиби комитети вилоятй
- 1998 — Шайтанат — Асадбек
- 2000 — Панҷ тақдир — Ёдгор Саъдиев
- 2008 — Девори шайтон — Иброҳим
- 2012 — Ҷигарбандам — Қодирҷон
- 2014 — Марде дар истгоҳи автобус — Босс
Коргардон
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1998 — Шайтанат
- 2008 — Девори шайтон
- 2014 — Соҳиби хона[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Президенты Узбекистана и Таджикистана присвоили высокие почетные звания деятелям культуры и искусства двух стран.
- ↑ Муҳаммадҷон Шодӣ. ЁДГОР САЪДИЕВ: МАРО БИҶӮЕД АЗ СӮХ. ovozitojik.uz. Овози тоҷик (4 августи 2023). 29 май 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Киностудия "Узбекфильм" представляет фильм Ё. Сагдиева «Хонадон эгаси» (Хозяин дома)(пайванди дастнорас — таърих).
