Ёрии Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ёрии Ҳофиз
Санаи таваллуд

номаълум

Зодгоҳ

Ҳирот

Санаи марг

1503(1503)

Касб(ҳо)

сароянда, навозанда

Номи мустаъор

Устод Ёрии Хонанда, Гӯянда

Ёрии Ҳофиз (Устод Ёрии Хонанда, Гӯянда) — сароянда, навозанда ва мусанниф, хаттот, шоири форс-тоҷик, зодаи Ҳирот. Ҳунари сознавозӣ, овозхониро аз овони ҷавонӣ назди падараш омӯхт. Назди Устод Шодӣ ва Ғулом Шодӣ овозхонию навозандагӣ, аз Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон мусиқии назариро омӯхтааст. Санъати хаттотиро аз Султоналии Машҳадӣ омӯхта, дар хатти настаълиқ, ҳунари муқовасозию ҳалкорӣ аз нафискорони ин анвои ҳунарҳои бадеӣ будааст. Ёрии Ҳофиз дар мусиқӣ бештар шӯҳратёр шуда, дар овозхонӣ, махсусан, дар иҷрои қисм, шохаҳои мураккаби мақомҳо («савт», «нақш», «амал») маҳорати баланди иҷроӣ ба харҷ медодааст. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «пешрав», «кул-лиёт», «қавл», «тарона», «сунбулӣ» ба усулу зар-бҳои мақомҳои «Наво», «Рост», «Бузург», «Ушшоқ» таснифоти таркибан мураккаб сохта, махсусан «Куллиёти Ёрӣ» (ба мақомии «Ҳусайнӣ»), «Амали дилошӯб» (ба мақоми «Ушшоқ»), «Кор ба усул» ва ғ. аз ихтирооти ӯст. Ёрии Ҳофиз ба ғазалҳои Ҷомӣ чандин таснифот дар шаклу анвои мусиқии «тарона», «қавл», «амал», «нақш» сохта, асарҳои назиравиаш «Нақши Мавлавӣ», «Нақши ситамкаш» (ба ғаз. Ҷомӣ) дар ҳаёти мусиқии иҷроии Ҳирот, Самарқанд шӯҳрати хоса касб кардааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Бобур, Бобурнома, Тош., 1993;
  • Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тош., 1964;
  • Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:7005-111, ИВАН Уз.ССР;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988;
  • Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376.[1]
  • Шашмақом
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 70 ISBN 978-99947-49-13-3