Jump to content

Аббосиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аббосиён
Таърихи таъсис 750
Номида ба шарафи Аббос ибни Абдулмутталиб[d]
Бунёнгузор Абулаббоси Саффоҳ[d]
Кишвар
Иваз шуд ба Тӯлӯниён[d]
Таърихи фурӯпошӣ 1517
Феҳристе аз инсон
 Парвандаҳо дар Викианбор
Қаламрави Хилофати Аббосиён дар соли 850

Аббосиён, банӣ Аббос (порсӣ: عباسيان ; ар. العبّاسيّون‎ ал-’Аббосиййу́н,) — дуюмин силсилаи хилофати араб (7501258). Аббосиён аз авлоди амаки паёмбар Муҳаммад (с) — Аббос ибни Абдулмутталиб (вафот 653) буданд.

Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳли ташайуъ Умавиён ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар робитаи хешу таборӣ доштанд ва барои соҳиб шудан ба қудрат аҳли суннат ва ҷамоат ононро ҷонибдорӣ карданд. Созмони зиддиумавии Аббосиён махфӣ амал мекард ва марказаш дар Куфа қарор дошт. То соли 747 онро нафаре ба номи Букайр ибни Моҳон ва баъдҳо Абдусалом сарварӣ менамуданд. Азбаски аксари қувваҳои зиддиумавӣ дар Хуросон мутамарказ гардида буданд, он ба маркази асливу асосии наҳзати зиддиумавӣ табдил ёфта буд.

Расидан ба қудрат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абумуслими Хуросонӣ (аз соли 743) роҳбари асосии наҳзат дар Хуросон шуд ва мардумро ба тарафдории Аббосиён таблиғ карда, оқибат соли 749 Аббосиён ба қудрат расиданд. Аввалин халифаи Аббосиён Абулаббоси Саффоҳ буд. Дар ибтидои фаъолият андешаву афкори сиёсии Аббосиён чандон маълум набуданд, вале ба таври возеҳ ба муқобили туғёнҳои пайиҳами Алавиён муборизаи шадид мебурданд. Минбаъд ашрофи Эрон ва Осиёи Миёна пуштибони асосии Аббосиён гардиданд ва маркази хилофат аз Сурия ба Ироқ кӯчид. Шаҳри Бағдод, ки ба он халифа Аббосиён Мансур асос гузошта буд, пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Хилофати Аббосиён дар даврони Мансур, Маҳдӣ, Ҳорунаррашид ва Маъмун ба авҷи камол расид. Хулафои аббосӣ аз замони хилофати Маъмун сар карда як силсила чорабиниҳои фарҳангиро ба амал бароварданд ва маркази илмию фарҳангии «Байт-ул-ҳикма» бо ташаббуси ӯ таъсис дода шуд. Дар он бештар олимони Эронӣ фаъолият доштанд ва тадқиқу таҳқиқи улуми замона ва тарҷумаи осори аҳди қадим ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин барои таҳкими хилофати худ Аббосиён тавонистанд аз эътиқодот ва назароти гурӯҳҳои гуногуни аҳли ташайуъ, чун ровандия, мӯътазила ва амсоли инҳо ба фоидаи худ истифода намоянд. Чунончи соли 817 халифа Маъмун домоди худ имом Алӣ ибни Мусо — Ризо (ҳаштумин имоми исноашъариён)-ро валиаҳди хилофат таъйин кард ва ҳатто аз номи ӯ сикка зарб зад, ки ин иқдом боиси норозигии шадиди аҳли суннат дар Бағдод ва дигар шаҳрҳо гардида буд. Наҳзати Аббосӣ моҳиятан ҷунбиши иҷтимоию сиёсие ба муқобили Умавиён буд, ки он инкишофи фарҳангиро низ ба дунбол дошт. Он амалан дар Хуросон оғоз шуд ва Аббосиён аз норозиёни хуросонӣ барои пирӯзии худ ва устувории ҳукуматашон истифода менамуданд. Дар аҳди Аббосиён зулми табақаи ашроф боз ҳам афзуд, ки боиси сар задани шӯришҳои халқӣ, аз қабили Исёни Муқаннаъ, Исёни Бобак ва амсоли инҳо гардид. Тадриҷан аз ибтидои садаи IX хилофати Аббосиён рӯ ба таназзул ниҳода, раванди парокандашавӣ дар он оғоз ёфт; дар Эрон, Осиёи Миёна, Закавказия, Миср давлатдориҳои мустақил таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо сулолаҳои маҳаллӣ (Тоҳириён, Саффориён, Тулуниён, Багратиён, Фотимиён ва дигар) ҳукмронӣ мекарданд.

Силсилаи хулафои Аббосиён

[вироиш | вироиши манбаъ]

Силсилаи хулафои Аббосиён чунин аст: Абулаббоси Саффоҳ (750—754), Мансур (754—775), Маҳдӣ (775—785), Ҳодӣ (785—786), Ҳорунаррашид (786—809), Амин (809—813), Маъмун (813—833), Мӯътасим (833—842), Восиқ (842—847), Мутаваккил (847—861), Мунтансир (861—862), Мустаин (862—866), Муътаз (866—869), Муҳтадӣ (869—870), Муътамид (870—982), Муътадид (892—902), Муқтафӣ (902—908), Муқтадир (908—932), Қоҳир (932—934), Розӣ (934—940), Муттақӣ (940—944), Мустақфӣ (944—946), Мутеъ (946—974), Тойеъ (974—991), Қодир (991—1031), Қоим (1031—1075), Муқтадӣ (1075—1094), Мустазҳир (1094—1118), Мустаршид (1118—1135), Рашид (1135—1136), Муқтафеъ (1136—1160), Мустанҷид (1160—1170), Мустадеъ (1170—1180), Носир (1180—1225), Зоҳир (1225—1126), Мустансир (1226—1242), Мустаъсим (1242—1258).

  • Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат. — М., 1965;
  • Большаков О. Г., Ал-Аббасийун. Ислам. Энциклопедический словарь, М., 1991;
  • Бартольд В. В., Соч., — М., 1966.
  • Shaban M. A., The Abbasid revolution, Oxf., 1970; Lewis B., Abbasidsll El (2 publ).