Аббосӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аббосӣ султон Ҳусейни I (вазн 5,4 г), Ереван, соли 1131 ҳиҷрӣ

Аббосӣ (форсӣ: عباسی‎) — аввалин сиккаҳои нуқрагини Сафавиён, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббоси I дар Эрон зарб зада шуданд. Вазни як Аббосӣ як мисқол ё 7,7г нуқра буд. 1 аббосӣ = 200 динор = 4 шоҳӣ = 150 туман[1][2].

Дар садаи XVIII Аббосӣ муҳимтарин воҳиди пулӣ ба ҳисоб мерафт. Сиккаи чорякмисқолии нуқрагинро шоҳӣ меномиданд ва панҷоҳ Аббосӣ як туман ном ва ҳазор динор арзиш дошт. Минбаъд сиккаҳои даврони сафавиён аз тило, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Аббосии аз тило зарбшуда «шоҳаншоҳӣ» ё «ашрофӣ» ном дошт ва он бо фармони ҳар шоҳи нав ба тахтнишаста дар ҷашни Наврӯз зарб зада мешуд. Аббосии нуқрагӣ дар сартосари давлатдории Сафавиён дар гардиш буд. Дар навоҳии Балх ва Мовароуннаҳр бештар сиккаҳои ниммисқолӣ, чорякмисқолӣ маъмул буданд. Баъзе сиккаҳои Сафавиён пас аз суқути ин давлатдорӣ дар Эрон ҳанӯз ҳам дар гардиш буданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]