Аббос Баҳодур
Намуди зоҳирӣ
Аббос Баҳодур | |
|---|---|
| ӯзбекӣ: Abbos bahodur / Abbosbek | |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1388 |
| Маҳалли даргузашт | Чукалак |
| Кишвар | |
| Пеша | ходими низомӣ |
Аббо́с Баҳоду́р (соли таваллуд номаълум — вафот 1388) — яке аз сипоҳсолорони машҳури амир Темур.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аббос Баҳодур аз қабилаи қипчоқ буд ва ҳамин насабро ҳам дошт. Азбаски ӯ ба тумон (сипоҳе, ки аз даҳ ҳазор нафар иборат аст) фармондеҳӣ мекард, лақаби «Баҳодур» гирифта буд.
Ширкат дар ҷангҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аббос Баҳодур дар ҷангҳои зидди хонҳои Муғулистон (1362—1964); «Ҷанги лой» (1365); амалиёти ҳарбӣ алайҳи қиёми Сарбадорони Самарқанд (1365 — 66); забти Балх (1370); тасарруф ва қатли оми Хоразм (1386); фатҳи Ҳирот ва лашкаркашӣ ба Эрон (1386) ҳамчун сарфармондеҳи сипоҳи Темур бевосита иштирок кардааст.
Марг
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1388 дар муҳорибаи зидди Тӯхтамишхон дар мавзеи Чукалак (5 км шарқтари Утрор) ҳалок гардид.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.