Jump to content

Аббос ибни Фирнос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аббос ибни Фирнос
араб. ар. عباس بن فرناس
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: ар. عبَّاس بن فِرناس بن وِرداس التاكِرني
Касб, шуғл: ихтироъкор, пизишк, шимидон, мусиқидон, шоир, ахтаршинос
Таърихи таваллуд: 810[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 887[2]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Самти фаъолият: физик

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Абулқосим Аббос ибни Фирнос (ар. عباس بن فرناس‎; 810, Рундо — 887, Қуртуба) — ихтироъкор, муҳандис, табиб, мусиқашинос, шоир ва донишманди маъруфи мусулмон, нахустин нафари дар фазо парвозкарда буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар Андалусия дар шаҳри Ронда соли 810 дар оилаи Бербер ба дунё омадааст. Ибни Фирнос шоир ва олими дарбори халифаҳои Қуртуба буда, таҳти ҳимояи халифаҳо Абдурраҳмони II ва Муҳаммади I қарор дошт. Ӯ илмҳои гуногунро фаро гирифта, бо номи «Ҳакиму-л-Андалус» машҳур шуд. Риёзиёт ва мусиқиро, ки он замон қисми илми риёзиёт ба шумор мерафт, аз худ карда буд. Барои таъмини эҳтиёҷоти мусиқӣ метроном (абзоре, ки вақтро бо зарбаҳои мунтазам муайян мекунад)-ро сохт, соати обиро ихтироъ кард. Ба технологияи аз рег тайёр кардани шиша машғул шуд, ки дар натиҷаи он Испания мустақилона ба истеҳсоли шиша шурӯъ ва аз мисриён, ки сирри истеҳсоли шишаро маҳфуз медоштанд, харидани онро қатъ кард. Ибни Фирнос хусусиятҳои шишаро омӯхта, пурбин (шишаи муҳаддаб)-ро ихтироъ кард. Ӯ дар хонаи худ планетарий ташкил кард, ки дар он тамсилаи механиконидашудаи Манзумаи офтобӣ бо абрҳои ҳаракаткунанда ва раъду барқ намоиш дода мешуд. Ибни Фирнос соли 852 қолиби чӯбин сохта, ба он порчаҳои матоъро баст ва аз манораи Масҷиди Бузурги Қуртуба парид. Қолаб ба чатр монанд буда, оҳиста фуруд омад ва озмоишгар андак осеб дид. Қолаби мазкур тимсоли парашюти муосир буд. Ибни Фирнос қолаби сохтаи худро такмил дода, бори дуввум соли 875 аз болои теппаи на он қадар баланди Ҷабалу-л-Арус парид. Ӯ дар фазо тақр. 10 дақ. парвоз карда, хеле баланд баромад, вале фурудоӣ бемуваффақият анҷом ёфта, Ибни Фирнос бо дастгоҳаш ба замин афтида, осеб дид. Ибни Фирнос ба хулосае омад, ки барои фурудоии бомуваффақият ба дастгоҳи мазкур дум илова кардан лозим аст. Ҳамин тариқ, Ибни Фирнос нахустин делтапланро ихтироъ кард. Леонардо да Винчи танҳо 500 сол пас аз Ибни Фирнос лоиҳаи делтапланро дар коғаз таҳия намуд.

Барои гиромидошти хотираи Аббос ибни Фирнос, имрӯз дар зодгоҳи олим шаҳри Ронда маркази астрономӣ ба номи Ибни Фирнос фаъол аст. Ба шарофати олим, фурудгоҳ дар шимоли Бағдод номгузорӣ шудааст ва дар роҳ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ҳайкали ӯ гузошта шудааст. Дар Либия бо тасвири Аббос ибни Фирнас маркаҳо чоп шудаанд. Дар Кордоба, Хосе Луис Манзанарес Ҳапон пули болои дарёи Гвадалкивирро сохтааст, ки дар маркази он ҳайкали ин олими шуҳратёр қомат афрохтааст.

Соли 1976 як кратер дар моҳ ба номи Ибни Фирнос гузошта шуд.

  1. https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/346174 (ингл.)
  2. الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 3. — С. 264.