Jump to content

Абдибеки Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдибеки Шерозӣ
форсӣ: عبدی بیگ شیرازی
Тахаллусҳо: Навидӣ, Абдӣ
Номи пурра Хоҷа Зайнулобиддини Алӣ Абдибеки Шерозӣ
Таърихи таваллуд: 19 август 1515(1515-08-19)
Зодгоҳ: Табрез, Эрон
Таърихи даргузашт: 1550(1550)
Маҳалли даргузашт: Ардабил, Эрон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, таърихнигор ва мутарҷими эронӣ
Забони осор: порсӣ

Абдибе́ки Шерозӣ (форсӣ: عبدی بیگ شیرازی‎; Хоҷа Зайнулобиддини Алӣ Абдибек Навиди Шерозӣ; 19 августи 1515, Табрез — 1580, Ардабил, Эрон) — шоир, таърихнигор ва мутарҷими эронӣ

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Авлоду аҷдоди Абдибеки Шерозӣ аз мардуми Шероз будаанд, бинобар ин ӯ нисбаи худро Шерозӣ зикр мекард. Падари Абдибеки Шерозӣ бо дарбори шоҳ Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ 1501—1524) робитаи наздик дошт. Бо саъйи падараш ба хидмати дарбор дохил гардид ва якчанд сол дар Қазвин, Табрез, Ардабил кору зиндагӣ кард. Соли 1553 — 54 ба Гурҷистон сафар кард. Охири умраш дар Ардабил гузашт.

Фаъолияти адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдибеки Шерозӣ аз айёми ҷавонӣ ба фаъолияти адабӣ шурӯъ намуда, дар ибтидо бо тахаллуси «Навидӣ» шеър менавишт. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абдибеки Шерозӣ дар охири умр се девони ашъорашро мураттаб сохтааст, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор байт фароҳам омада буданд. Аммо то ҳол нусхае аз девонҳои шоир дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Дар миёнсолӣ ба худ тахаллуси «Абдӣ» гирифт ва маснавиҳо (се «Хамса»), асарҳои таърихӣ эҷод кард. Дар «Хамса»-и якум маснавиҳои «Махзан-ул-асрор», «Ҷоми ҷамшедӣ», «Маҷнун ва Лайлӣ», «Ҳафт ахтар», «Оини искандарӣ», дар «Хамса»-и дуюм маснавиҳои «Ҷавҳари фард», «Дафтари дард», «Фирдавс-ул-орифин», «Анвори таҷаллӣ», «Хазоин-ул-малакут», дар сеюм маснавиҳои «Равзат-ус-сифот», «Давҳат-ул-азҳор», «Ҷаннат-ул-асмор», «Зинат-ул-авроқ», «Саҳифат-ул-ихлос» фароҳам омадаанд (ҳамагӣ 54947 байт). «Хамса»-и сеюми Абдибеки Шерозӣ бо номи «Ҷаннат-ул-адн» машҳур аст. Аксар маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ дар шакли нусхаҳои дастнависи аслӣ (автограф) ва ё нусхаҳои дар замони зиндагии шоир, ё каме баъдтар китобатшуда то рӯзгори мо расидаанд. Маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ дар пайравӣ ва ҷавоби маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар шоирони форс-тоҷик навишта шудаанд. Дар маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ пойтахти онвақтаи Сафавиён шаҳри Қазвин, табиат, боғҳо, меваҷоти он, ороиш, нақшу нигори қасри шоҳ ва ғайра тавсиф шудаанд. Ба ибораи худи Абдибеки Шерозӣ ғайр аз «Хамса» боз ду маснавии дигар — «Саломон ва Абсол», «Тарабнома» таълиф карда будааст. Аз ин маснавиҳо то ҳол нусхаи дастнависе дастраси муҳақкиқон нагардидааст.

Асарҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдибеки Шерозӣ инчунин муаллифи асарҳои таърихии «Такмилат-ул-ахбор» (таърихи умумӣ), «Сареҳ-ул-мулк» (доир ба вақфҳои шайх Сафӣ — ҷадди сулолаи Сафавиён) ва «Дебочат-ул-баён» (ҳоло дастрас нагардидааст) мебошад. Абдибеки Шерозӣ ду асарро, ки ба таърихи пайғамбар Муҳаммад (с) ва халифа Алӣ бахшида шудаанд, аз забони арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст. Дар осори Абдибеки Шерозӣ воқеаҳову масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии садаи XVI Эрон инъикос ёфтаанд. Забони осори Абдибеки Шерозӣ сода ва оммафаҳм аст.

Тарҷумаи осори Абдибеки Шерозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо саъю кӯшиши шарқшиноси озарбойҷонӣ А. Раҳимов маснавиҳои «Маҷнун ва Лайлӣ» (1966, 1967), «Равзат-ус-сифат» (1974), «Давҳат-ул-азҳор» (1974), «Ҳафт ахтар» (1974), «Оини искандарӣ» (1977), «Ҷаннат-ул-асмор», «Зинат-ул-авроқ», «Саҳифат-ул-ихлос», «Ҷавҳари фард» (1979), «Махзан-ул-асрор» (1986) дар Москва ба табъ расидаанд.

  • Рагимов А., Жизнь и творчество Абдибека Ширази, дар кит. Абдибек Ширази. Маджнун и Лайли. Критический текст и предисловие А. Рагимова, М., 1966.