Абдувоҳиди Зевар
Намуди зоҳирӣ
Абдувоҳиди Зевар |
|---|
Абдувоҳиди Зевар (Маликов Абувоҳид Зеварович; зод. 6 сентябри 1968, деҳаи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент) — рӯзноманигор[1] ва шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдувоҳиди Зевар 6 сентябри соли 1968 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа гирифта, баъдан факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (1994) хатм кардааст. Аз баъди хатми донишгоҳ корманди маҷаллаи «Чашма» мебошад.
Ду маҷмӯаи ашъораш — «Накҳати умед» (2000) ва «Зулфи бед» (2009) аз чоп баромадаанд.
Соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сайёраи Қиёмиддин. АБДУВОҲИДИ ЗЕВАР: “Маро аз “Ҷавонон...” дуздиданд”. javonon.tj. Ҷавонони Тоҷикистон (1 сентябри 2023). 6 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ ЗЕВАР АБДУВОҲИД (ИНТ). 6 сентябри 2025 санҷида шуд.