Абдулазизхон (Шайбонӣ)
аз 1540 | |
Тоҷгузорӣ | 1540, Бухоро |
Пешгузашта | Абдуллохони I |
Ҷонишин | Наврӯз Аҳмадхон (1551-1556) |
|
|
Таваллуд | 1509 |
Даргузашт |
1550 |
Дудмон | Шайбониён |
Падар | Убайдуллохон[d] |
Фаъолият | шеър |
Абдулазизхон (1513—1550) — шашумин ҳоким аз сулолаи Шайбониён дар Хонигарии Бухоро. Солҳои 1540 – 1550 ҳукмронӣ кардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдалазизхон, писари калонии Убайдуллохон соли 1513 дар Бухоро ба дунё омадааст[1].
Соли 1526-27 Абдулазизхон ҳокими Астрабод, ки аз тарафи Убайдуллохон забт шуда буд, таъйин гардид[2].
Баъди вафоти Абдуллоҳхони I худро хони Бухоро эълон карда, аз итоат ба ҳокимияти марказии Мовароуннаҳр сар печид ва боиси дар Мовароуннаҳр ба вуҷуд омадани дуҳокимиятӣ гардид.
Сиёсати дохилӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мақсади ба худ ҷалб кардани таваҷҷуҳи омма ва мустаҳкам намудани ҳокимият соли 1541 баъзе андозҳоро бекор кард.
Дар аҳди Абдулазизхон сохтмони қалъаи нави Бухоро сар шуда, дар замони Абдуллоҳхони II анҷом ёфт.
Сиёсат дар соҳаи фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар садаи XVI Бухоро ба яке аз марказҳои санъати меъморӣ ва илму маърифат табдил ёфт. Абдулазизхон дар ин ҷо китобхонае таъсис кард, ки ба он рассом ва хаттоти номӣ Султон Мирак сардорӣ мекард. Дар он на танҳо китобҳои нодирро ҷамъ мекарданд, балки хаттотони беҳтарин, ба монанди Миралӣ, шогирдони вай Хоҷа Маҳмуд ва Саид Аҳмади Машҳадӣ асарҳои бисёрро китобат намуда, бо минётураҳо ороиш медоданд.
Устоди Абдулазиз шайх Ҷалол буд[3]. Ӯ аз шоирону олимон ҳимоят мекард. Худи Абдулазизхон бо тахаллуси Азизӣ ба забони туркӣ шеърҳо навиштааст[4].
Марг
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулазизхон дар Бухоро 16 майи соли 1550 аз олам даргузашта ва дар канори падараш дар мадрасаи Мири Араби Бухоро дафн шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ see Abu’l-Ḡāzī, II, p. 239, n. 2
- ↑ Ḥasan Rūmlū, I, p. 201, II, pp. 98-99
- ↑ Б. В. Норик, Роль шибанидских правителей в литературной жизни Мавераннахра XVI в. // Рахмат-намэ. Спб, 2008, с.247
- ↑ Б. В. Норик, Роль шибанидских правителей в литературной жизни Мавераннахра XVI в. // Рахмат-намэ. Спб, 2008, с.247-249
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- История Узбекистана. Т.3. Т.,1993.
- История Узбекистана в источниках. Составитель Б. В. Лунин. Ташкент, 1990