Jump to content

Абдулазиз Абдулғанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулазиз Абдулғанӣ
ар. عبد العزيز عبد الغني
6 октябр 1994 — 14 май 1997
Пешгузашта Муҳаммадсаид Аттор
Ҷонишин Фараҷ Саид Ғанем

Таваллуд 4 июл 1939(1939-07-04)
Даргузашт 22 август 2011(2011-08-22)[1] (72 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод ислом ва суннӣ
Набардҳо

Абдулазиз Абдулғанӣ (ар. عبد العزيز عبد الغني4 июли 1939 — 22 августи 2011) — сарвазири Ҷумҳурии Ямани Араб аз 25 январи 1975 то 15 октябри 1980 ва аз 13 ноябри 1983 то 22 майи 1990, инчунин Ямани муттаҳид — аз 6 октябри 1994 то 14 майи 1997.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1962 Донишгоҳи Колорадо (ИМА)-ро хатм кардааст, иқтисодчӣ. Солҳои 1964—1967 муаллими забони англисӣ ва ҷомеашиносӣ дар Одоно буд. Солҳои 1967—1968 вазири нигахдории тандурустии Ҷумҳурии Ямани Араб буд. Дар соли 1968 дар Санъо директори Бонки таҷдид ва рушди Яман буд. Дар солҳои 1968—1971 — вазири иқтисодиёт, солҳои 1971—1975 — раиси бонки марказии Яман. Аз соли 1979 аъзои шӯрои машваратии Ҷумҳурии Ямани Араб буд. Солҳои 1980—1985 ноиби президент Ҷумҳурии Ямани Араб буд. Аз соли 2003 — раиси Шӯрои машваратии Ҷумҳурии Яман буд.[2]

Абдулазиз Абдулғанӣ дар Риёз бар асари захмҳои рӯзи 3 июни соли 2021 ҳангоми тирборон кардани қароргоҳи президенти ҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ ба ҳалокат расид.[3]

Ӯ оиладор ва соҳиби панҷ писару як духтар буд. Ба варзиш дилбастагӣ дошт.

  • Кто есть кто в мировой политике / Отв. ред. Л. П. Кравченко. — М.: Политиздат, 1990. — С. 8.