Абдулаҳадхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдулаҳад (Амир))
Абдулаҳадхон
парчам
Амири Бухоро
1885 — 1910
Пешгузашта Амир Музаффар
Ҷонишин Амир Олимхон

Таваллуд 27 март 1859(1859-03-27)
Бухоро
Даргузашт 10 декабр 1910(1910-12-10) (51 сол)
(ҳозира вилояти Навоӣ, Ӯзбекистон)
Мадфан
Дудмон Манғития
Сулола Манғития
Падар Музаффар
Модар Шамшод
Фарзандон Олимхон
Эътиқод Ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
Ордени Апостоли муқаддаси Андрей Order of St. Vladimir, 1st class Knight of the Order of St. Alexander Nevsky Order of Saint Alexander Nevsky Order of the White Eagle Order of Saint Anna, 1st class with diamonds Order of Saint Anna, 1st class Order of Saint Stanislaus, 2nd class Order of Glory Knight of the Legion of Honour Order of St Alexander Order of Prince Danilo I Order of the Dannebrog Order of Chula Chom Klao Gold Sword for Bravery
Рутба General of the Cavalry[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Сайид Абдулаҳадхон - амири Аморати Бухоро (1885-1910)

Сайид Абдулаҳадхо́н (16 марти 1859, Кармина – 6 январи 1911, ҳамон ҷо) — амири ҳаштум аз сулолаи ӯзбакҳои[1][2] Манғития. Солҳои ҳукмрониаш 1885—1910. Фарзанди панҷуми амир Музаффар[3].

Ҳукмронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулаҳадхон соли 1873 дар синни 14-солагӣ беки Кармина (ҳозира шаҳри Навоии Ҷумҳурии ӯзбекистон) таъйин гардид. 15 майи (27 май) соли 1883 дар маросими тоҷгузории подшоҳи рус – Александри III иштирок намуд ва подшоҳи Россия ӯро валиаҳди тахти салтанати Бухоро эълом кард. Абдулаҳадхон соҳибмаърифат буда, забони форсӣ-тоҷикиро хуб медонист; ба забонҳои арабӣ ва русӣ низ такаллум мекард. 17 ноябри 1885 дар Арки Бухоро ба тахти аморат нишастани Абдулаҳадхон баргузор гардид. Солҳои аввали ҳукмрониаш амир Абдулаҳадхон дар Бухоро мезист; нисфи сол дар шаҳр мемонд; фасли зимистон чанд моҳ ба Шаҳрисабзу Қаршӣ мерафт, тобистон дар Кармина иқомат мекард. Дар Бухоро аксаран дар қароргоҳи беруни шаҳриаш – Ширбадан мезист. Абдулаҳадхон марди таҳсилкардаву ҷаҳондида буд ва дар аморати Бухоро нияти ислоҳотро дошт, вале ба муқобилияти шадиди рӯҳониёни дарбору атроф дучор шуда, оқибат соли 1897 аз Бухоро ба Кармина рафт ва то охири умр ҳамон ҷо монд. Абдулаҳадхон бори аввал соли 1882 ба Россия сафар карда, минбаъд борҳо ба Москва ва Петербург рафтааст. Соли 1893 писараш Олимхонро ба Петербург бурда, соли 1896 дар ҷашни ба маснади императорӣ нишастани Николайи II иштирок намуда, бори охир қабл аз вафоташ дар Петербург 25-солагии ҳукмрониашро бо тантана таҷлил кард. Ғайри Москваю Петербург Абдулаҳадхон ба шаҳрҳои Киев, Одесса, Боку, Тифлис, Батумӣ, Севастопол, Екатеринослав ва Боғчасарой сафар кардааст.

Пас аз марги амир Абдулаҳад писараш Муҳаммад Олимхон 11 январи соли 1911 ба тахти салтанат нишаст[4].

Сиёсати дохилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аҳди Абдулаҳадхон истисмори халқ авҷ гирифта, дар дохили аморат ҳаракати халқӣ торафт пурзӯр гардид. Калонтарини онҳо шӯриши Восеъ дар Балҷувон буд (1888), ки бераҳмона пахш карда шуд. Бо вуҷуди ин дар давраи ҳукмронии Абдулаҳадхон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Бухоро баъзе дигаргуниҳо ба амал оварда шуданд: дар зиндонҳо шиканҷаи тоқатфарсои маҳбусон андаке сабук шуд; коркарди саноатии канданиҳои фоиданок, аз қабили мис, оҳан ва тило оғоз мешавад; махсус барои содир намудани ашёи хом ба Россия дар Амударё пул сохта шуд; роҳи оҳани Чорҷӯй – Самарқанд бунёд гардида, сими телеграф кашида мешавад; тиҷорат нисбатан равнақ меёбад.

Сиёсат дар соҳаи фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулаҳадхон дар сохтмони яке аз калонтарин масҷидҳои Аврупо дар шаҳри Петербург ҳиссагузор буд. Абдулаҳадхон ба адабиёту мусиқӣ низ рағбат дошта, бо тахаллусҳои «Масъуд» ва «Оҷиз» шеър менавишт; ба мусиқии урфии касбии тоҷикии «Шашмақом» таваҷҷуҳи хос дошта, сози мусиқии танбӯрро хуб менавохт. Намунаи ашъори Абдулаҳадхон дар баъзе баёзҳо гирдоварӣ шуда дар Ганҷинаи дастхатҳои Институтити забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфуз мебошанд. Садри Зиё дар рӯзномаи худ намунаи шеъри Абдулаҳадхонро, ки мухаммас бар ғазали Калим буда, саршор аз ҳасрату надомат ва шикоят аз «дӯстони» бадхоҳ мебошад, овардааст, ки як бандаш ин аст:

То кай зи аҳли шиква ба ман мерасад забон,
Бигзашт захмҳои забонҳо аз устухон,
Ғамгин наям ба даҳр ман аз ҳарфи душманон,
Рафтам фурӯ ба хок зи саркӯби дӯстон,
Навбат куҷо ба сарзаниши душманон расад.

Унвону орденҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулаҳадхон унвони русии дарбории «генерал-адютант» дошта, дар як вақт вазифаҳои генерали қӯшунҳои савора (кавалерия), саркардаи (атамани) қӯшунҳои казакҳои Терск, саркардаи полки 5-уми казакҳои Оренбургро ба уҳда дошт. Бо чандин орденҳои Россия, аз он ҷумла ордени олии Россия – «Святого апостола Андрея Первозванного» бо занҷираш (дараҷаи махсуси ин орден барои мусулмонон), инчунин бо ордени «Тоҷи Итолиё» (дараҷаи I), орденҳои фаронсавии «Легиони фахрӣ» ва «Салиби калони афсарӣ» мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. История Казахстана в персидских источниках. Т.2. Алматы: Дайк-пресс, 2005, с.282.
  2. Alexander Burnes, Travels into Bokhara being the account of a journey from India to Cabool, Tartary and Persia. Volume II. New Delhi, Madras, Asian educational services, 1992, p.358
  3. Шубинский П. Очерки Бухары. // Исторический вестник, № 9. 1892
  4. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 128- 130

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. - Душанбе, 1978;
  • Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. - Сталинобод, 1960;
  • Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. - Х., 2005;
  • Ғафуров Б., Тоҷикон, ҷ. 2. - Душанбе, 1985;
  • Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. - Душанбе, 2007

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]