Абдулвосеъи Ҷабалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдулвосеи Ҷабалӣ)
Jump to navigation Jump to search
Абдулвосеи Ҷабалӣ
Номи пурра

Бадеъуззамон ибни Абдуҷомеъ ибни Умрон ибни Рабеи Ғарҷистонӣ

Санаи марг:

1160(1160)

Навъи фаъолият:

шоир

Абдулвосе́и Ҷабалӣ (форсӣ: عبدالواسع جَبَلی‎; Бадеъуззамон ибни Абдуҷомеъ ибни Умрон ибни Рабеи Ғарҷистонӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1160) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Дар шаҳри Ҳирот таҳсил намуда ба камол расид. Илмҳои расмии давраш, махсусан улуми адабиро хеле хуб омӯхт ва дар шоирӣ мумтоз шуд. Дар дарбори Ғазнавиён ва Салҷуқиён — Баҳромшоҳ ибни Масъуди Ғазнавӣ, Туғрултекин ибни Муҳаммад хидмат кардааст. Бино ба маълумоти тазкиранигор Муҳаммади Авфӣ Абдулвосеи Ҷабалӣ «бар назми тозӣ қодир буд ва дар шеъри порсӣ моҳир. Ҳамаи фузало бар тақаддуми ӯ якзабон буданд, аммо ӯ дар назм дузабон буд».

Осор[вироиш]

Аз Абдулвосеи Ҷабалӣ девони ашъор боқӣ мондааст, ки қасидаҳо, ғазалҳо, таркиббанду рубоиҳо ва қитъаҳои ӯро дар бар мегирад. Абдулвосеи Ҷабалӣ дар мадҳу васф маҳорати калон доштааст. Зимни қасидаҳои мадҳӣ, инчунин дар қасидаҳои алоҳида манзараҳои табиатро зебо ва дилпазир тасвир намуда, бо суханони зебою дилнишин фасли зебои сол — Баҳор ва Наврӯзро васф кардааст. Дар байни сурудаҳои Абдулвосеи Ҷабалӣ васфи ишқу муҳаббат мавқеи калон дорад. ӯ ҳолати рӯҳии қаҳрамони лирикӣ, ҳусни маъшуқа, вафодорӣ, дӯстӣ ва садоқату рафоқатро тараннум кардааст. Абдулвосеи Ҷабалӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва таҳаввулоти зиндагӣ таваҷҷӯҳ карда, авзои замон, вазъияти рӯзгори асри худро моҳирона тасвир намудааст. Қаҳрамони ашъори Абдулвосеи Ҷабалӣ аз замона гилаву шикоят мекунад, худи ӯ таҷассуми дарду аламу ғуссаи халқ мебошад:

Гар аз замона шикоят кунам, раво бошад
В-ар аз ситора тазаллум кунам, сазо бошад.

Замони Абдулвосеи Ҷабалӣ замони ба забони форсии тоҷикӣ роҳ ёфтани калимаҳои зиёди арабӣ буд. Аз ин ҷост, ки дар шеърҳои ӯ калимаҳои зиёди арабӣ ба назар мерасанд. Дар маҷмӯъ Абдулвосеи Ҷабалӣ пайрави сабки хуросонист, вале ба сабаби нуфуз пайдо кардани сабки ироқӣ эҷодиёти Абдулвосеи Ҷабалӣ аз таъсири ин сабк берун намондааст. Дар баъзе шеърҳои Абдулвосеи Ҷабалӣ лафзбозиҳо, маснӯъгӯиҳо ба назар мерасанд. Дар сабки эҷод, мазмуну мундариҷаи шеър ва тарзи баён Абдулвосеи Ҷабалӣ дар силки шоирон — Муиззӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Футӯҳӣ ва дигар қарор дорад. Абдулвосеи Ҷабалӣ рисолаҳои мансуре низ доштааст, ки номаҳо ва муншаоти ӯро дар бар мегирифтанд. Девонаш дар Теҳрон ба табъ расидааст (1961 — 63).

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Сарчашма[вироиш]