Абдулкарим (хаттот)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулкарим
Зодгоҳ: Бухоро
Навъи фаъолият: хаттот

Абдулкари́м (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи тоҷик (охири садаи XIX – аввали садаи XX).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Абдулкарим аз хаттотони мумтози давраш ба ҳисоб рафта, ба хати Имоди Қазвинӣ пайравӣ ва тақлид кардааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз намунаҳои хати Абдулкарим бисёр қитаоти ҷудогона ва асарҳои китобатшуда боқӣ мондаанд. «Девони ғазалиёт»-и Ҳасанмуроди Одил (1909), «Таърихи Муллозода»-и Аҳмад ибни Маҳмуди Муллозода ва «Таърихи Наршахӣ»-и (1912) Муҳаммад ибни Наршахӣ аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳои китобати Абдулкарим буда, бо хати настаълиқи хоно ва зебо китобат шудаанд. Ҳар сеи ин китобҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ ӯзбекистон маҳфузанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]