Дар Википедия мақолаҳо дар бораи дигар шахсон бо номи
Сайфулло мебошанд.
Дар Википедия мақолаҳо дар бораи дигар шахсон бо насаби
Абдуллоев мебошанд.
Сайфулло Абдуллоев (1899, Хоруғ – 1938) — ходими ҳизбию давлатии Тоҷикистон. Аз муборизони барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон.
Зиндагинома[вироиш]
Солҳои 1912 – 15 дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1916 – 18 дар хизмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд. Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои 1918 – 26 аввал дар сафи отрядҳои револютсионӣ узви комиссияи фавқулода оид ба муборизаи зидди ҳаракати аксулинқилобӣ, ҳаннотӣ ва балвогарӣ, баъд раиси Комитети револютсионии ВМКБ, 1926 – 28 мудири шӯъбаи тарғиб ва ташвиқи Бюрои ташкилоти ПК (б) ӯзб. дар РАСС Тоҷикистон, прокурори ВМКБ буд. Соли 1928 ВКП (б) Абдуллоев дар вазифаи ҳизбӣ (ҳизби коммунист) ба корхонаҳои саноатии Урал фиристод. Солҳои 1929 – 36 котиби масъули Комитети ҳизбии округи Ҳисор, мудири шӯъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон, комиссари халқии зироати республика, котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, раиси Комиссияи Марказии назорат ва комиссари Инспексияи коргару деҳқон, 1936 – 37 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон Борҳо аъзои КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст[1]. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2020.