Jump to content

Абдуллоҳ Мусаввири Хуросонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдуллоҳи Бухороӣ)
Абдуллоҳ Мусаввири Хуросонӣ
Зодгоҳ:
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдуллоҳ Мусаввири Хуросонӣ, ё Абдуллоҳи Бухорӣ (форсӣ: عبدالله بخاری‎; зод. Хуросон) — наққош ва рассоми форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯйи сабку услуб намояндаи Мактаби минётураи Бухоро аст, вале дар асарҳои ӯ таъсири анъанаҳои Мактаби минётураи Ҳирот бештар мушоҳида мешавад. Ӯ ин равияро аз устоди худ Маҳмуди Музаҳҳиб омӯхта, ҷиҳатҳои пешқадами санъати минётуранигориро идома додааст.

Осори боқимонда

[вироиш | вироиши манбаъ]

То замони мо аз осори ӯ минётураҳои «Гулистон» (1542) ва «Бӯстон» (1575)-и Саъдӣ, «Туҳфату-л-Аҳрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (1550 ва 1575) омада расидаанд. Бартарии услуби Абдуллоҳи дар он аст, ки вай ба воқеият ва тарзи хоси қиёфаю ҳаракати инсон аҳамият дода, ҷанбаҳои воқеии (реалистии) санъати тасвирии халқи тоҷикро инкишоф додааст. Мусаввараҳои ӯ бо зебоӣ, ҷилваи рангҳо, нозукию возеҳият ва мавзӯи пандомӯз дар санъати тасвирии ниёгон нақши тоза гузоштаанд.

  • Ашрафӣ М., Таджикская миниатюрасри Бухарская школа XVI—XVII вв., Д., 2011.