Абдуллоҳи Занузӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳи Занузӣ
Пеша файласуф

Абдулло́ҳи Занузӣ Бирмуқлӣ (?, Маранд1841, Теҳрон) — орифи машҳури аҳди қочорияи Эрон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш сарфу наҳв ва илми маонӣ, фиқҳу усул ва мантиқу каломро омӯхта, барои таҳсил ба Исфаҳон рафт ва дар назди Муллоалии Нурӣ ба омӯзиши ҳикмати илоҳӣ пардохт. Ба шаҳрҳои Наҷаф, Карбало, Қум сафар карда, бо ҳакимону орифони машҳури замонаш шиносоӣ пайдо намуд. Вақте Фатҳалишоҳи Қочор (ҳукмронӣ 1797 – 1834) Муллоалии Нуриро ба Теҳрон даъват кард, ӯ ба ҷои худ шогирдаш Абдуллоҳи Занузиро ба Теҳрон фиристод. Абдуллоҳи Занузӣ дар мадрасаи «Хони Марвӣ»-и Теҳрон то охири умраш аз фалсафа дарс гуфтааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳи Занузӣ асарҳои бисёре навиштааст, ки муҳимтарини онҳо «Анвори ҷаллия» ва «Ламаот-ул-илоҳия» мебошанд. ӯ дар осори худ равияи Садруддини Шерозиро дар ҳикмати мутаолиҳа пеш гирифта, масъалаи исолати вуҷуд ва исолати моҳиятро таҳқиқ намудааст. Абдуллоҳи Занузӣ вуҷудро биззот ва моҳиятро билараз шуморида, моҳияти ҳар мумкинро бо вуҷуди он дар ҷамеи маротиб муттаҳид медонад, ки аз ҷиҳати таҳлили зеҳнӣ аз аслаш ҷудо тасаввур мешавад. Роҷеъ ба масъалаи ваҳдату касрат Абдуллоҳи Занузӣ маротиби шиддату заъфро қоил аст. Ба фикри ӯ, ҳар ҷое, ки ҷанбаи касрат бештар бошад, ҷанбаи ваҳдат заифтар аст ва дар айни ҳол ҷиҳати ваҳдат айни ҷиҳати касрат ва ҷиҳати касрат маърузи ҷиҳати ваҳдат мебошад. Абдуллоҳи Занузӣ як силсила масъалаҳои дигари фалсафаи мутаолиҳаро низ дар асарҳояш таҳқиқ кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]