Абдуллоҳи Котиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳи Котиб

Абдулло́ҳи Коти́б (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттоти тоҷик (асри 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зистааст. Падараш бо номи Авазбадал Котиби Балхӣ машҳур буд. То замони мо аз Абдуллоҳи Котиб осори бисёри хаттотӣ расидааст. ӯ «Воқеоти Ҳисомӣ»-и Ҳисомуддин Умари Бухороӣ (1820), «Шарқ-ул-фусул»-и Рукнуддини Шерозӣ (1821), «Чаҳор унсур»-и Бедил (1824), «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро (1824) китобат кардааст. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]