Jump to content

Шиҳобуддин Абдуллоҳи Марворид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдуллоҳи Марворид)
Абдуллоҳи Марворид
Абдуллоҳи Марворид
Таърихи таваллуд: 1461(1461)
Зодгоҳ: Ҳирот
Таърихи даргузашт: 1516(1516)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, оҳангсоз
Забони осор: форсӣ[1]

Абдуллоҳи Марворид (Хоҷа Абдуллоҳи Марворид; 1461, Ҳирот1516, Ҳирот) — мусиқидон, шоир, оҳангсоз ва донишманди форс-тоҷик

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҷа Абдуллоҳи Марворид дар хонаводаи вазири донишманд ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ ба фарогирии донишҳои замонааш таваҷҷуҳ зоҳир кард ва дар санъати суханварӣ истеъдоди баланд дошт. Бо тахаллуси Баёнӣ ғазал ва рубоӣ гуфтааст. Аз шогирдону муридони Абдурраҳмони Ҷомӣ буда, муддати зиёд ба ҳайси мӯҳрдору парвоначӣ (масъули қабулгоҳ) дар дарбори Ҳусайни Бойқаро хидматгузорӣ кардааст.

Дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «нақш», «савт», «пешрав» ва ғайра асарҳои зиёде тасниф намудааст. Абдуллоҳи Марворид муаллифи қасидаю ғазал, «Рисолаи мусиқӣ», достони «Хусрав ва Ширин» буда, маҷмӯаи рубоиёташро бо унвони «Мӯнису-л-аҳбоб» таҳия кардааст. Зимни ин Абдуллоҳи Марворид мусаннифи «Тамсилот», «Тарассул» (гирдоварии номаю фатҳномаҳо, таъзия ва дигар асноди расмӣ) буда, ки дар замонааш китобат шудааст. Нусхаи девони Абдуллоҳи Марворид дар ганҷинаи осори хаттии АИ. Ҷумҳурии Узбекистон (№ 1102) маҳфуз аст. Абдуллоҳи Марворид шогирдони зиёде дар сознавозӣ (уд), овозхонӣ дошта, Устод Шодӣ муддате назди ӯ таркиботи назарии мусиқиро омӯхтааст.

  1. 1.0 1.1 Identifiants et Référentiels (фр.)ABES, 2011.
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 12. — ISBN 978-99947-49-13-3.