Абдуллоҳ Таббохи Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдуллоҳи Таббох)
Абдуллоҳ Таббохи Ҳиравӣ

Абдулло́ҳ Таббо́хи Ҳиравӣ (форсӣ: عبدالله طباخ هروی‎), мулаққаб ба «Ошпаз»; ? — 1475) — котиб, хаттот, наққош ва шоири[1] форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳи Таббох дар шаҳри Ҳирот ба дунё омада, дар зодгоҳаш ва Самарқанду Машҳад касби камол кардааст. Дар замони ҳукмронии Шоҳрух Мирзо (1409—1447) хаттоти китобхонаи Темуриён буд. Шогирди устод Ҷаъфари Табрезӣ. Бо фармони Шохрух Мирзо солҳои 1425—1426 оромгоҳи Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро бо хати хеле зебо ва мақбулаш оро додааст. Абдуллоҳи Таббох дар ороиши бисёре аз сохтмонҳо ва биноҳои давлатии Темуриёни Ҳирот фаъолона ширкат намудааст. Баъд аз вафоти султони Ҳирот Бойсунқур Мирзо дар хидмати писари ӯ Алоуддавла буд. Улуғбек Алоуддавларо шикаст дода, хаттотону мусаввирони моҳирро ба Самарқанд овард, ки дар байни онҳо Абдуллоҳи Таббох низ буд. Абдуллоҳи Таббох дар ороиши як зумра биноҳои Самарқанд иштирок намудааст. Ӯ солҳои 60 садаи XV аз Самарқанд ба Ҳирот баргашта, дар дарбори султон Ҳусайни Бойқаро ба сифати хаттот хидмат кард. Дар ин давра чандин биноҳои Машҳад ва Ҳиротро бо хати хуб ва зебои худ ороиш дод, ки ёдгориҳои меъмории Козоргоҳ (дар Ҳирот) ва «Оғочабегим» (дар Машҳад) аз ҷумлаи онҳоанд.

Абдуллоҳи Таббох дар ҳунари ороиши китоб («афшон» ва «барафшон») низ аз нодирони замони худ будааст.

Осори боқимонда[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Абдуллоҳи Таббох 45 нусхаи бо хати зебо китобатшудаи Қуръон боқӣ мондааст. Як нусхаи дастнависи Абдуллоҳи Таббох ва Содиқбегӣ Афшор дар Истанбул маҳфуз аст, ки доир ба хаттотон ва мусаввирони он давр маълумот медиҳад. Теъдоди зиёди китобати Абдуллоҳи Таббох то замони мо расидааст, ки аз ҳунар ва истеъдоди баланди ӯ шаҳодат медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. عبدالله طباخ هروی. rasekhoon.net. 13 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]