Абдуллоҳи Тӯсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдуллоҳи Тусӣ)
Абдуллоҳи Тусӣ
Таърихи даргузашт: 1464(1464)
Маҳалли даргузашт: Шероз
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Абдулло́ҳи Тӯсӣ (? — 1464, Шероз) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираҳо маълумот кам аст. Дар замони Бобур чун шоир шуҳрат ёфтааст. Пас аз марги Бобур ба Озарбойҷон ва Ироқ рафт. Аз он ҷо ба Шероз омад ва то охири умр он ҷо монд. Абдуллоҳи Тӯсӣ дар доираи адабии Ҳирот низ маъруф будааст. Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» дар бораи ӯ маълумот дода, шеърашро ҷаззобу дилфиреб гуфтааст. Аз Абдуллоҳи Тӯсӣ девоне дар ҳудуди 1000 байт боқӣ мондааст, ки дар он танҳо ғазалҳо фароҳам омадаанд. Абдуллоҳи Тӯсӣ дар ғазалҳояш масалҳои зиёдеро истифода кардааст. Дар ин бобат ӯ аз ҳамасронаш Шукрӣ, Рафиқӣ пайравон доштааст. Девони Абдуллоҳи Тӯсӣ дар Бамбай ва Теҳрон ба табъ расидааст, вале ба хато онро девони Хоҷа Насируддини Тӯсӣ гуфтаанд.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Байтҳои зерин намунае аз ашъори Абдуллоҳи Тӯсӣ мебошанд:

Зиҳӣ нӯши лаби лаълат ҳаёти ҷовидони ман,
Ба дандон мегазӣ лабро, чӣ мехоҳӣ зи ҷони ман!
***
Маро бошед, эй хубон, Худоро,
Худоро дораму боқӣ шуморо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алишери Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Т., 1333 ҳ. ш.;
  • Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.