Абдуллоҳ ибни Умар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ ибни Умар
араб. ар. عبد الله بن عمر ابن الخطاب
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: сарлашкар, муҳаддис, муфассир, муфтӣ
Таърихи таваллуд: тақрибан 610
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 693[1]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Умар ибни Хаттоб[1]
Модар: Zaynab bint Madhun[d]
Ҳамсар Safiyya bint Abi-Ubayd[d][2]
Фарзандон: Salim ibn Abd-Allah Ibn Umar[d], Hamza ibn Abdullah ibn Umar[d], Abdullah ibn Abdullah ibn Umar[d], Bilal ibn Abdullah ibn Umar[d], Waqed ibn Abdullah ibn Umar[d], Obaidullah ibn Abdullah ibn Umar[d] ва Zaid ibn Abdullah ibn Umar[d]
Ҷанг:
Шогирдон: Nafi Mawla ibn Umar[d], Товус ибни Кайсан[d], Bukayr ibn al-Àkhnas al-Sadussí[d], Ibn Sirin[d] ва Ibrahim ibn Abi 'Abla[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абӯабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб ал-Қурашӣ, маъруф ба Ибни Умар (ар. أبو عبد الرحمن عبد الله بن عمر بن الخطاب القرشي610, Макка, Хилофати Рошидин — 693, Макка, Хилофати Умавиён) — яке аз машҳуртарин афроди насли аввали ислом ва яке аз бузургтарин ровиёни ҳадис аст. Абдуллоҳ писари халифаи дувум Умар ибни Хаттоб (р) ва бародари ҳамсари Муҳаммад (с) паёмбари ислом аст..

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ ёздаҳ сол қабл аз ҳиҷрат ё ба наҳве 34 сол пас аз воқеъаи омму-л-фил дар Макка ба дунё омад. Вай ба ҳамроҳи падараш мусулмон шуд ва муддате пеш аз падараш ба Мадина муҳоҷират кард. Абдуллоҳ хоҳони мушорикат дар ғазавоти Бадр ва Уҳуд буд, аммо Муҳаммад (с) ба иллати поин будани синни Абдуллоҳ ба вай иҷоза надод. Аммо дар ғазваи Хандақ ва ҳангоми муҳосираи Мадина, ки ба синни 15-солагӣ расида буд, ба вай иҷоза дода шуд. Пас аз он, вай дар лашкаркашиҳои пурхатаре монанди ғазваи Мута (соли 7 ҳиҷрӣ), фатҳи Макка (соли 8 ҳиҷрӣ), дар ҷангҳои алайҳи касоне монанди Мусайлама ва Тулайҳа, ки иддаои паёмбарӣ карда буданд (соли 12 ҳиҷрӣ), дар лашкаркашӣ ба сӯи Миср (соли 18 то 21 ҳиҷрӣ), дар ҷанги Наҳованд (соли 21 ҳиҷри), дар ҷанги Гургону Табаристон (соли 30 ҳиҷрӣ) ва дар ҷанги Қустантания ба раҳбарии Язид дар соли 49 ҳиҷрӣ ширкат кард.

Аввалин маъмурияти сиёсии вай тавассути падараш Умар (р) дар ҳангоме, ки дар бистари марг буд, ба вай дода шуд, ки дар шӯрои интихоби халифаи баъдӣ машварат диҳад. Бо ин ҳол, вай ҳаққи раъй ё номзад шудан надошт. Дар интихоби хулафои баъдӣ, вай баъд аз иҷмоъи уммат бар онон, бо онон байъат менамуд ва ҳамин муҳиммро ба унвони далели байъат накардан билфосила бо Алӣ ироа кард. Бо муҳаққақ нашудани иҷмоъи уммат бар сари хилофати Алӣ ва бурузи ҷангҳои дохилӣ, Абдуллоҳ мавзеъи бетараф иттихоз намуд. Вай дар ибтидо хилофати Язидро ба иллати эҷод бидъат аз сӯи Муъовия дар интихоби халифа напазируфт, вале пас аз марги вай билфосила бо Язид байъат намуд. Абдуллоҳ ба ҷуз чанд маъмурияти кӯчак, ҳеҷ гуна мансаб идорие қабул намекард. Шояд ба далели инки тамоюл дошт аз сиёсат ба канор бошад ва авқоти худро сарфи анҷоми ибодат ва умуроти мазҳабии шахсӣ кунад. Ӯ ба далели тарс аз инки натавонад ҳукми Худоро ҷорӣ кунад, ҳеҷ гуна қазоватеро қабул намекард.

Вижагиҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замоне, ки мусулмонон даргири ҷангҳои дохилӣ (даврони Алӣ) буданд, вай аз ширкат дар ин ҷангҳо худдорӣ кард. Ӯ дар анҷоми дастурҳои динӣ бисёр муқайяд буд ва ҳатто ҷузъиёти зиндагияш монанди наҳваи кӯтоҳ кардан ва хизоб кардан ришаш дар манобеъ омадааст. Ривояот зиёде дар манобеъ дар мавриди илму дониш, тақво, мулоямат, иффат ва зӯҳди вай омадааст. Донишномаи ислом бар ин бовар аст, гарчи мумкин аст бархе аз ин ривоёт сохтагӣ бошад, аммо наҷобати Абдуллоҳро наметавон инкор намуд. Вай дар ривоят кардани аҳодис бисёр дақиқ буд ва тамоми саъйяшро мекард, ки ҳадисро бидуни кам кардан ё изофа кардан мунтақил намояд.

Се бор ба вай пешниҳоди хилофат дода шуд, билфосила пас аз қатли Усмон дар соли 35 ҳиҷрӣ/656 мелодӣ, дар ҳангоми музокироти ҳукмайн бар сари низоъи Алӣ ва Муъовия дар Саффин дар 37 ҳиҷрӣ/657 мелодӣ ва пас аз марги Язид дар соли 64 ҳиҷрӣ/683 мелодӣ, ки дар ҳар се бор ба иллати инки тамоюл дошт, мардум бар хилофаташ муттафиқулқавл бошанд ва ҳеҷ гуна хунрезӣ барои ҳифзи он ниёз набошад, ин пешниҳодро рад кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]


Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Али-заде А. А. Абдуллах ибн Омар // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • ʿAbd Allāh b. ʿUmar b. al-K̲h̲aṭṭāb / Veccia Vaglieri, L. // Encyclopaedia of Islam. 2nd ed : [англ.] : in 12 vol. / edited by H. A. R. Gibb; J. H. Kramers; E. Lévi-Provençal; J. Schacht[en]; B. Lewis & Ch. Pellat. Assisted by S. M. Stern (pp. 1—330), C. Dumont and R. M. Savory (pp. 321—1359). — Leiden : E.J. Brill, 1986. — Vol. 1. (платн.)