Jump to content

Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
форсӣ: عبدالله قادری ممتاز
Таърихи таваллуд: 1 январ 1936(1936-01-01)
Зодгоҳ: Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 24 май 2009(2009-05-24) (73 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: шеър, тарона
Забони осор: форсӣ

Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз (форсӣ: عبدالله قادری ممتاز‎; 1 январи 1936, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 майи 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва таронасарои саршиноси тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ Қодирӣ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Маориф», Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст.

Таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Узбакистон — Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон — Гулшод Отаҷонова, Туркманистон — Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон — Пӯлод Булбул-ӯғлӣ, Афғонистон — Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон — Аҳмадхон, Эрон — Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико — Саттор ва Милод тараннум мекунанд.

Маҷмӯъаҳои ашъори ӯ «Риштаи тасвир» (1979), «Хандаи субҳ» (1982), «Боргоҳи ишқ» (1983), «Чамани хаёл» (1985), «Оби нуқра» (1986), «Айёми гул» (1989), «Гулшани роз» (ба ҳуруфи форсӣ, 1992), «Баҳои ҷон» (1993), «Сабзаи мижгон» (2000), «Сукути гиряҳо» (2004), «Меҳроби сухан» (2004) ва ғайра дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд.

Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби «Саодати омӯзгор» (1987) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.

Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯъаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд[1].

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд[2].

Унвони ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон,
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон,
  • «Ветерани меҳнат» (1998).

Абдуллоҳ Қодирӣ 24 майи соли 2009 бар асари сактаи қалбӣ дар 73 солагӣ даргузашт[3].

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.140 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Қодирӣ Абдулло. navisandagan.tj. ИНТ. 24 феврали 2021 санҷида шуд.
  3. “Қодирӣ замонасоз набуд, таронасоз буд”(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 24 феврали 2021 санҷида шуд.