Абдулло Маҳмадзиёев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маҳмадзиёев Абдулло Маҳмадзиёевич (тав. 15.06.1939, деҳаи Сангевни ноҳияи Дарвоз), биологи маъруфи тоҷик, номзади илмҳои биология (1972), дотсент (1980).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1958–1963 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил карда, онро бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси муаллими химия ва биология хатм намудааст. Солҳои 1963–1964 муаллими мактаби миёнаи №1-и шаҳраки Қалъаихумб буд. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Соли 1968 унвонҷӯи кафедраи энтомологияи Донишгоҳи Ленинград, солҳои 1969–1971 аспиранти кафедраи энтомологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов буд. Аз соли 1965 то ба имрӯз ҳамчун лаборанти калон, ассистент, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Ҳамчунин солҳои тӯлонӣ вазифаи муовини декани факултети биология- химия оид ба илм ва тарбия, раиси Иттифоқҳои касаба ва котиби ташкилоти ҳизбии факултети биология-химия, инчунин аъзои Раёсати ҳизби коммунисти ноҳияи Октябри ш. Душанберо ба ӯҳда дошт. Солҳои 1980–1994 декани факултети биология-химия, 1994–2006 мудири кафедраи зоологияи донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Айни ҳол дотсенти кафедраи зоологияи донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Муаллифи 70 асари илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ ва китобҳои дарсӣ, аз ҷумла «Зоология барои синфи 7» (2001), «Зоология барои синфи 7» (2008), «Биологияи умумӣ барои синфи 10» (бо ҳаммуаллифӣ, 2006), «Биологияи умумӣ барои синфи 11» (бо ҳаммуаллифӣ, 2006) мебошад.

Мукофот[вироиш]

Бо нишонҳои «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС» (1978), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000), ифтихорномаҳои Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС ва «Ордени шараф» дараҷаи 1 (2004) сарфароз гардонида шудааст.

Осор[вироиш]

Зоологияи бесутунмӯҳраҳо, қисми 1, Д., 1999; Зоологияи бесутунмӯҳраҳо, қисми 2, Д., 2002; Барномаи корӣ барои таҷрибаи саҳроӣ аз зоологияи бесутунмӯҳраҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1993; Зоологияи бесутунмӯҳраҳо барои мактабҳои олӣ, Д., 2010.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]