Абдулло Субҳон
Абдулло Субҳон | |
Таърихи таваллуд: | 2 март 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ: | Сайҳунобод, вилояти Сирдарё, Ӯзбекистон |
Шаҳрвандӣ: | Ӯзбекистон |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Ҷоизаҳо: | Барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон |
Абдулло Субҳон ((форсӣ: عبدالله سبحان); 2 марти 1955, ноҳияи Сайҳунобод, вилояти Сирдарё, Ӯзбекистон) — шоир, омӯзгор, рӯзноманигор, мутарҷим. Мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Овози тоҷик» — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон (аз соли 1994). Иштирокдори нахустин Ҳамоиши байналмилалии шеъри муосири форсӣ дар Эрон (2005), соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010), барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (2015).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулло Субҳон 2 марти соли 1955 дар дар хоҷагии ҷамоавии «Ғалаба»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба дунё омадааст. Деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато (вилояти Навоии Ӯзбекистон), ки дар ашъораш аз он бисёр ёд кардааст, зодгоҳи падару бобоии ӯст. Падару модараш бобои Амонуллоҳ ва момои Таскина инсонҳои одии зиндагидӯст будаанд, ки бо касбу кори хоксоронаи деҳқонӣ фарзандони худро неку хуб ба камол расондаанд. Абдулло Субҳон мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Садриддин Айниро соли 1972 дар зодгоҳи худ хатм кардааст. Сипас ба муддати чаҳор сол дар факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Самарқанд таълим гирифтааст. Ҳоло шоир бо хонаводааш дар шаҳри Тошканд иқомат дорад. Дар зиндагии муштарак бо ҳамсари худ – Қурбонгул се писару як духтарро (Ҳаким, Карим, Паймон ва Таҳмина) тарбият дода бузург кардаанд, ки онҳо имрӯз бо фарзандонашон меҳрубону ғамхори падару модар ҳастанд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулло Субҳон пас аз хатми донишгоҳ чанд сол дар мактаби миёнаи рақами 9 хоҷагии ҷамоавии Карл Маркси (ҳоло ба номи Қодирқул Султонов) ноҳияи Сайҳунобод аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Азбаски ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ маъолаю шеърҳои ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба табъ мерасиданд, маҳорати хоманигориашро ба инобат гирифта, дар соли 1989 маъмурияти рӯзномаи «Овози тоҷик» ӯро ба кор даъват мекунад. Шоир то ба имрӯз дар ҳамин идора ба ҳайси мудири бахши адабиёт ва ҳунар машғул аст.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дӯстдорони каломи ноби порсӣ, шоирон ва аҳли адаб хуб медонанд, ки дар байни форсисароёни Ӯзбекистон Абдулло Субҳон мақоми босазо дорад. Ӯ бар замми тааҳҳудоти худ ва навиштани шеър бори устодӣ бар эҷодкорони ҷавонро низ мекашад. Аз чашмаи устодии ӯ чандин шоиру адиби ҷавон об хӯрдаанд. Суханаш ҷаззоб, рангин, пур аз тамсил ва тозапардозӣ, ошиқона ва то ҷое орифона аст.
Ҳоло шеъри тоҷикӣ ҳам дар шаклҳои суннатӣ ва ҳам бо усули нав (мисли «шеъри сафед») гуфта мешавад. Агарчи Абдулло Субҳон шефтаи шакли ҷадиди шеърофаринӣ аст, ӯ дар қолабҳои қадима, аз қабили дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал низ ҳадафи худро ба курсӣ нишондааст. Аз навиштаҳояш пайдост, ки ҳеч гуна шакли шеърӣ дар баёни фикру андешаҳояш банд намеандозад. Шоир на танҳо аз ин ё он шакли шеърӣ парҳез намекунад, ҳатто саъйаш бар он аст, ки ба ҳар шакле бо шеваи тозатар сухан гӯяд. Ҳини мутолиаи дафтарҳои шеърии ӯ дар назари аввал барои хонанда чунин менамояд, ки эҷодкор мехоҳад ҳар падидаи атроф, ба хусус, зуҳуроти табиатро бо тамоми вижагиҳояш, бо он ҳама шаклу таровате, ки дорад, тасвир намояд, аммо ин тавр нест. Хонандаи закӣ ва борикбин бо як баррасии ҷиддӣ ва бо назари амиқтар метавонад дарёбад, ки манзури шоир баёну маълум сохтани зуҳуроти ба чашм бархӯрда нест, балки бо ин васила мехоҳад розҳои зиндагӣ, дарду талошҳои одамон, ҳиссиёт ва орзуҳои ҳамешагии бани башар, ниёишҳои ниҳонии қалбҳои хасташуда, эҳсосоти шӯрангез ва дар айни ҳол пинҳони аҳли дардмандро ифшо намояд.
Адабиётшинос Султонмурод Олим дар мақолаи илмӣ-интиқодии худ «Дунёи дили шоир» («Овози тоҷик», 02.03.2005) аз ҷумла овардааст: «Дар шеърҳояш колорити миллӣ ҳаст, дилаш аз ишқи ватан ҷӯш мезанад. Мисол, дар бораи абрӯ то имрӯз бисёр шоирон навиштаанд, шояд дар Ғарб низ чунин бошад. Вале дар шеъри «Бо абрӯ имоям кунӣ» шоир аввал абрӯи моҳи нави болои масҷидро ба забон меоварад, сипас ба маъшуқа арз мекунад, ки «бар боми масҷиди сухан ман моҳи абрӯят задам»... Шоир дар ин ҷо орзуеро баён мекунад, ки ба хаёли ҳеч кас намеояд:
Бар гӯри муслим мезананд абрӯи маҳро баъди марг,Абрӯи ту оро диҳад хоҳам сари гӯри маро.
Шабҳо тамошояш кунам, бо абрӯ имояш кунам,
Бо абрӯ имоям кунӣ, шояд ки бархезам зи ҷо...
Ин гуна сатрҳоро касе рӯйи коғаз рехта метавонад, ки аз сеҳри сухани шоирони классик огоҳ бошад».
Абдулло Субҳон, гузашта аз шоирӣ, ҳамчун рӯзноманигори серпаҳлӯ фаъолияти пурсамар дорад. Дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мақолаҳои бешумор навиштааст. Осори назмӣ ва насрии эҷодкорони ӯзбек ва тоҷикро ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума мекунад.
Дафтарҳои шеър
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ғайр аз ашъори парокандае, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳои мухталиф ба табъ расидаанд, маҳсули хоманигории шоир Абдулло Субҳон тавассути китобҳои “Мушки субҳ” (Душанбе, “Адиб”, 1988), “Нидои сарбадор” (бо алифбои форсӣ: Тошканд, “Ҳоҷӣ Сотимхон”, 1992), “Уфуқи пиндор” (Тошканд, “Меҳнат”, 2000), “Гарди анҷум” (Тошканд, “Ӯзбекистон”, 2007) ва “Марзи хуршед” (Тошканд, “Turon zamin ziyo”, 2015) ба дасти хонандагон расидааст.
Сарчашмаи адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Осори Абдулло Субҳон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба табъ расидааст. Аз ин ҷумла, китобу маҷмӯаҳои зерин буда метавонанд:
- «Боғи бисёрдарахт» (гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Теҳрон, 2004)
- «Аз Самарқанди чу қанд» (Гузидаи шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон. Теҳрон, 2005)
- «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» (Теҳрон, 2005)
- «Форсисароёни Ӯзбекистон» (Теҳрон, 2010)
- «Шеърборон» (Маҷмӯаи дастаҷамъии шоирони форсизабон. Душанбе, 2016)
Намунаҳо аз ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Шеъру суруд
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қалъаи хароб
Метарошем акси ҳамро аз тани девор,
Насли Сомонӣ, табори Рӯдакӣ ҳастему ноҷӯрем,
Гургу гӯсфандем дар печу хами дунёи ноҳамвор. Рахнаҳо дорад ҳисори ваҳдати мо аз ҳама ҷониб,
Сайргоҳи чорпою бодҳои тунди саҳроҳост ин манзил,
Фасли сармояш дарозасту баҳораш кӯтаҳу ғамбор.
З-ин сабаб бар зинаҳои иртиқо поро намемонем,
Чашми дунё шавкати моро намебинад,
Давр мегардем даври нуқтае бесуд чун паргор. Рӯбаҳони ҳиллагар моро алайҳи якдигар шӯранд,
Ноаён коранд уруқи кина дар марзи дилу эҳсос,
Рӯбаҳонро пӯст кандан кори шеронест хушпайкор.
Қалъаи вайрони ваҳдатро кунад тармим танҳо ишқ,
Эҳтироми якдигар моро барад то манзили уммед.
Дар дили мо донаи ишқу муҳаббат кор, ё Ҷаббор ё Қаҳҳор!
- Меҳмон
Нури дилу чашмони ман,
Гулҳои дастархони ман,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ. Як лаҳза меҳмон омадӣ,
Бо лутфи Яздон омадӣ,
Дар пайкарам ҷон омадӣ,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ. Манзилгаҳам вайрона буд,
Аз мақдамат кошона шуд,
Шоистаи садҳо суҷуд,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ. Худ ин Замин бошад чу хон,
Меҳмон ҳама дар гирди он,
Дар гӯшаи хони ҷаҳон,
Хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Дубайтӣ ва рубоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зи домони хирад маҳкам бигирад.
Шукӯҳу шуҳрату овозаи ӯ,
Як олам чист, сад олам бигирад! Ману мурғи чаман як нола дорем,
Ту гӯйӣ дарди чандинсола дорем.
Ба зоҳир сабзтар аз шохи гул, лек
Диле хунрезтар аз лола дорем. Ман аз дами субҳ боди сабо металабам,
Аз боди сабо рӯзи сафо металабам.
Бар миллати тоҷики парокандаи худ,
Ҳар рӯзи Худо меҳру вафо металабам.
Мукофоту унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулло Субҳон яке аз эҷодкорони сахткӯш ва ҷоннисори ҳавзаи адабиёти форсигӯёни Ӯзбекистон аст. Ӯ дар давоми фаъолияти рӯзноманигории худ ва ҳамчун шоир ба муваффақиятҳо ноил шуда, аз сӯйи халқу давлат қадр гардидааст. Аз соли 1994 инҷониб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мебошад. Ӯ соли 2005 ҳамчун беҳтарин қаламкаш ва шоири форсигӯйи ӯзбекистонӣ дар Ҳамоиши байналмилалии шеъри муосири форсӣ, ки дар Теҳрон баргузор шуда буд, ширкат варзидааст. Аз соли 2010 инҷониб соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» аст. Соли 2015 ба медали «Шуҳрат» (дар Ӯзбекистон) сазовор шудааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]• Тӯйназар, Б. «Хон»-и замин: мақола / «Овози тоҷик», 24.06.2000.
• Ҳамроев, Ҷ. Дар оинаи пиндорҳо: мақола / «Овози тоҷик», 05.09.2001.
• Шукуров, Ш. Баъзе мулоҳизаҳо перомуни ашъори як нафар форсисаройи Варорӯд / «Овози тоҷик», 03.03.2007.
• Олим, С. Дунёи дили шоир: мақола / «Овози тоҷик», 02.03.2005.
• Имомназар, Ю. Мо дарунро бингарему ҳолро: мақола / «Овози тоҷик», 05.11.2008.
• Шодӣ, М. Ману мурғи чаман як нола дорем: мақола / «Овози тоҷик», 08.07.2015.
• Муродов, Н. Ба савту сози бегона набозем: мақола / «Ховар», 01.12 – 15.12.2017.
Пайвадҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Торнамои Юнуси Имомназар / Абдулло Субҳон
- Зодагони 2 март
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Сайҳунобод
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Ӯзбекистон
- Шоирони ИҶШС
- Шоирони асри XX
- Шоирони асри XXI
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Ӯзбекистон
- Тарҷумонҳои асри XXI
- Тарҷумонҳои шеър ба забони тоҷикӣ
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Адибони Тоҷикистон