Абдулманоф Муҳаммадович Нурмуҳаммадов
![]() | |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | самбо, freestyle wrestling[d] ва mixed martial arts[d] |
Зодрӯз | 10 декабр 1962 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 июл 2020 (57 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
![]() |
Абдулманоф Муҳаммадович Нурмуҳаммадов (аварӣ ГӀабдулманап НурмухӀамадов ; 10 декабри соли 1962, Силди, ноҳияи Сумадин, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Доғистон, СССР — 3 июли 2020, Маскав, Русия) — варзишгари шуравӣ ва русӣ, мураббӣ, устоди варзиши СССР оид ба куштии озод. Мураббии шоистаи Русия, сармураббии тими миллии Ҷумҳурии Доғистон оид ба самбои размӣ. Қаҳрамони ҷудо ва самбои Украина. Падар ва мураббии қаҳрамони бебохти муҳорибаҳои омехта ва ташкилоти ЮФС — Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулманоф 10 декабри соли 1962 дар деҳаи Силдии ноҳияи Сумадини Доғистон таваллуд шудааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Кироваули ноҳияи Кизилюрт зиндагӣ кардааст. Соли 1987 Донишкадаи кооперативии Полтаваро бо ихтисоси муҳосиб ва иқтисоддон хатм кардааст. Соҳиби се фарзанд: ду писару як духтар мебошад.
Ӯ дар артиши 40-уми муттаҳидаи мусаллаҳ хидмат кардааст ва дар соли 1982 сарбозонро барои фиристодан ба Афғонистон[1] таълим додааст.
Абдулманоф маснади варзишии худро аз куштии озод оғоз карда, баъди ба даст овардани устодии варзиш дар ин навъи куштӣ ва даъват шудан ба артиш ба куштии ҷудо ва самбо машғул шуд.
3 июли соли 2020 ӯ дар Маскав бар асари гирифторӣ ба коронавирус даргузашт, ба гуфтаи Рамазон Қодиров[2] . 4 июл дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд[3] .
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]9 ноябри соли 2023 номи деҳаи Кироваули ноҳияи Қизилюрти Ҷумҳурии Доғистон бо қарори Ҳукумати Федератсияи Русия ба Манофқалъа иваз карда шуд[4] .
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Чеченистон (11 октябри 2018) — барои саҳмаш дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фаъолиятҳое, ки сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудаанд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 16 крутых фактов об отце Хабиба, которые вы точно не знали(пайванди дастнорас — таърих). 9 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 октябри 2021.
- ↑ Умер отец Хабиба Нурмагомедова(рус.). Спорт РИА Новости(пайванди дастнорас — таърих) (3 июли 2020). 3 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2020.
- ↑ Отца Хабиба Нурмагомедова похоронили в родном селе в Дагестане(рус.). Российская газета(пайванди дастнорас — таърих). 4 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2020.
- ↑ Распоряжение Правительства Российской Федерации от 09.11.2023 № 3132-р. 15 Декабри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 ноябри 2023.