Абдулхайр Ҳошимов
Абдулхайр Ҳошимов (зод. 20 октябри 1943, деҳаи Даштиҷум, ноҳияи Шӯрообод) — овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро соли 1972 ба итмом расонда, дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзии вилояти Кӯлоб кор кардааст. Вале лаҳзае аз санъат канор наҷустааст, узви фаъоли дастаҳои ҳаваскор буд ва дар маҳфилу ҷашнвораҳои мусиқӣ пайваста иштирок менамуд. Аз соли 1995 аввал дар Театри Лоҳутӣ ва баъдан дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба сифати сароянда ҳунар меозмояд.
Эҷода
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мактаби бародари бузургаш Одина Ҳошим сабақи хуб гирифта, бештар ба ашъори шуарои классик ва муосири тоҷик муроҷиат менамояд, аз мероси мардумӣ ҳам хуб истифода мебарад. «Нишонаи бенишон бошад», «Намегирӣ хабар аз ман», «Нашъунамои замона ку», «Хоки Хуросон», «Хоҳад гузашт», «Ба сайри гул биё», «Ошён ку», «Гавҳари дарё», «Уқоб», «Ҷавонӣ боз меомад», «Одина Ҳошимов туро ман ёд мекунам», «Оҳиста-оҳиста», «Осмони босафо» чанде аз сурудаҳояш мебошад, ки аз сӯи муштоқон хуш пазируфта шудаанд. Дар якчанд давлати хориҷӣ мусиқии тоҷикиро муаррифӣ намудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.