Абдулғафури Лорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдулғафури Лорӣ
форсӣ: عبدالغفور لاری
Таърихи таваллуд: асри XV
Таърихи даргузашт: 1506(1506)
Маҳалли даргузашт: Ҳирот
Навъи фаъолият: донишманд, ориф ва фақеҳ

Бадеуддин Абдулғафури Лорӣ (форсӣ: عبدالغفور لاری‎; дар баъзе сарчашмаҳо Разиуддин омадааст; тақрибан солҳои 40 асри 15 — 1506, Ҳирот) — донишманд, ориф ва фақеҳи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Дар сарчашмаҳои таърихию динӣ ва адабӣ чун шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовилаи замонаш тавсиф шудааст. Рутбаи Мавлоно гирифтани Абдулғафури Лорӣ гувоҳи он аст, ки ӯ ба дараҷаи баланди илму фазли замони худ — ба устодӣ расида будааст. Писари Ҳусайн Воизи Кошифӣ адиби маъруф Фахруддин Алии Сафӣ яке аз шогирдони ӯст. Дар таърихи илму адаб чун нависандаи шарҳу ҳошияҳо машҳур аст. Абдулғафури Лорӣ аз машҳуртарин шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ буд.

Осор[вироиш]

Бо дархости фарзанди Ҷомӣ — Зиёуддин Юсуф бар «Нафаҳот-ул-унс» ва «Фавоиди Зиёия»-и Ҷомӣ шарҳу ҳошия баста, мушкилоти онҳоро тавзеҳ додааст. Ин асар ба ғайр аз ҳавошӣ боз шарҳи ҳол ва тавсифи осори Ҷомиро дар бар гирифта, чун намунаи асари ёддоштӣ эътироф гардидааст. Забону услуби он содаву равон аст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Сарчашма[вироиш]