Абдулқодири Бадоюнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдулқодири Бадоюнӣ
Абдулқодири ибни Мулукшоҳ ибни Ҳомиди Бадоюнӣ
Санаи таваллуд:

21 август 1540[1]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

5 ноябр 1615(1615-11-05) (75 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

шоир, мутарҷим ва муаррих

Абдулқоди́ри ибни Мулукшоҳ ибни Ҳомиди Бадоюнӣ мутахаллис ба «Қодирӣ» (1540, Тӯдаи Ҳиндустон – 1595) — шоир, мутарҷим ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш]

Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Сунбҳал гузаштааст. Дар шаҳрҳои Агра ва Басовар зиндагӣ карда, дар хидмати дарбори ҳукмронони ин шаҳрҳо буд. Ҳангоми хидмат дар даргоҳи Акбар (ҳукмронӣ 1556 – 1605) фаъолияти Абдулқодири Бадоюнӣ чун таърихнигор ва мутарҷим аз забонҳои арабӣ ва санскрит ривоҷ ёфт.

Осор[вироиш]

Бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ аз забони санскрит китобҳои «Маҳабҳарата», «Рамаяна», «Баҳр-ул-асмор», «Таърихи Кашмир», «Синкҳосинтабасӣ» (бо номи «Номаи хирадафзо») ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума карда шуданд. Абдулқодири Бадоюнӣ «Мӯъҷам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавиро (1179 – 1229) аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ гардонд. Аз забони арабӣ инчунин аҳодиси набавиро бо номи «Китоб-ул-аҳодис» тарҷума карда, нусхае ба Акбар бахшид. Яке аз таълифоти муҳимми ӯ асари таърихии «Мунтахаб-ут-таворих» аст, ки бо номи «Таърихи Бадоюнӣ» шӯҳрат дорад. Ин китоб таърихи Ҳиндустонро аз замони Маҳмуди Ғазнавӣ то замони зиндагии муаллиф (солҳои 90 асри 16) дар бар мегирад. Абдулқодири Бадоюнӣ дар таълифи китобе оид ба таърихи ислом аз замони Муҳаммад (с) ширкат доштааст. Ду ҷилди ин китобро, ки «Таърихи алфӣ» ном дорад, Абдулқодири Бадоюнӣ таҳрир кардааст. «Интихоби ҷомеи Рашидӣ» (таҳрири «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ) аз ҷумлаи таҳрирот ва такмилаҳои Абдулқодири Бадоюнӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Стори Ч. А. Персидская литература. Биобиблиографический обзор, т 1, М., 1972.

Сарчашма[вироиш]