Абдулҷаббори Меъмор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулҷаббори Меъмор
Иттилооти асосӣ
Кор ва дастовардҳо
Муҳимтарин сохтмонҳо Тарҳи Мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд

Абдулҷаббо́ри Меъмо́р (соли таваллуд ва вафот номаълум) — меъмор ва мусаввири тоҷик (асри 17).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз осори меъмории Абдулҷаббори Меъмор то замони мо баъзе намунаҳо расидаанд. Тарҳи Мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд амали ӯ буда, солҳои 1619 – 36 бо иштироки бевоситаи меъмор бунёд ёфтааст. Дар кошиҳои сафеди равоқи даруни пештоқ номи «Усто Мулло Абдулҷаббори меъмор» сабт гардидааст. Дар пештоқи бино сурати одаме, ки монанди офтоб нур мепошад ва манзараи ҳамлаи шер ба ғизол ва гурехтани он тасвир ёфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]