Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдумавлон Одинаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдумавлон Одинаев
Одинаев Абдумавлон Назирович
Таърихи таваллуд 20 май 1987(1987-05-20) (38 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи озоди Тоҷикистон
Роҳбари илмӣ Пирумшоев Ҳайдаршо

Абдумавлон Назирович Одинаев (зод. 20 майи 1987, ноҳияи Кӯҳистони Масчо) — омӯзгор, номзади илмҳои таърих.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдумавлон Одинаев таҳсили олии худро дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон гирифтааст, ки онро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ хатм кардааст. Пас аз хатм фаъолияти омӯзгориро дар муассисаҳои таълимии зодгоҳаш оғоз намудааст.

Солҳои 2009-2010 ҳамчун омӯзгори фанни таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият намудааст. Дар солҳои 2012-2013 - муаллими фанни таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар мактаб-интернати ноҳия буд.

Аз соли 2013 то 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ кор кардааст.

Аз соли 2017 то 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳ» ва ҳамзамон омӯзгори фанни таърих фаъолият намудааст.

Аз соли 2022 то ба имрӯз ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш (ИТБМ) ва ҳамзамон ходими илмӣ дар шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави институти мазкур мебошад.

Абдумавлон Одинаев муаллифи беш аз 50 мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои манбашиносӣ, таърихнигорӣ ва мардумшиносӣ мебошад. Мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», "Ахбори АМИТ", «Номаи донишгоҳ», «Муаррих», «Россия и мир: научный диалог» ва дигар нашрияҳо ба табъ расидаанд.