Абдуманнон Насриддинов
Абдулманнон Насриддинов | |
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1953 |
Зодгоҳ | Ҷамоати Ёваи ноҳияи Ғафуров |
Таърихи даргузашт | 30 июл 2011 (57 сол) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2006), Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1997), Аълочии маорифи ҶТ (1996) |
Абдулманнон Насриддин — адабиётшинос, доктори илмҳои филология (1990), профессор (1991). Аълочии маорифи ҶТ (1996), дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1997), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2006). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулманнони Насриддин 20 ноябри соли 1953 дар Ҷамоати Ёваи ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсил карда соли 1974 ба итмом расондааст. Аз ҳамон сол дар донишкада ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» (1975-1976), лаборант, ассистент (1978-1982), сармуаллим (1982-1983), дотсент (1983-1987) кор кардааст. Декани факултаи филологияи ДДОЛ (1987-1988), докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-1990) будааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Проблемаҳои маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст, ки дар эроншиносии дунё зуҳуроти тоза ба ҳисоб меравад. Аз соли 1991 профессор, аз соли 1992 то поёни умраш мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст. Абдулманнон Насриддин 30 июли соли 2011 бо ҷаҳон падруд гуфт[1].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи бештар аз 30 китобу 450 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва илмию методӣ доир ба масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷик, фарҳангшиносӣ, матншиносӣ ва шарҳнависист[1]. Мавзӯи таҳқиқоти илмиаш “Проблемаи маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик”. Дар маҷмуаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ бештар аз 700 мақолаи ӯ роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми таърихи адабиёти форс-тоҷик, поэтика, матншиносӣ ва фарҳангнигорӣ ба табъ расидаанд. Дар омӯхтани шарҳҳои адабиёти классикии форс-тоҷик замина гузошт. Маҳсули тадқиқи бисёрсолаи шарҳҳо асари бунёдии ӯ “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” дар ду ҷилд аст. Як силсила мақолаҳояш доир ба масъалаҳои адабиёти форс-тоҷик дар Эрон ба чоп расидаанд. Осори илмии Абдулманнон Насриддинов дар Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Русия, Украина, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба табъ расидаанд. Узви Шӯрои дифои рисолаҳои номзадии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Кумитаи С. Айнии Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви Бунёди Рӯдакии ПЗА Академияи илмҳои Тоҷикистон , раиси кумитаи истилоҳоти "Бунёди забон"-и вилояти Суғд. Профессор Абдулманнони Насриддин дар ин замина мактаби қавии намунавии илмии худро ба вуҷуд оварда, 30 нафар аз шогирдони ӯ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология соҳиб гардидаанд.
Абдулманнон Насриддин дар чандин анҷуману ҳамоиши илмии байналхалқӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Аз ҷумла, дар анҷуманҳои гуногуни устодони забони форсӣ (Теҳрон, 1994, 1998, 2002; Душанбе, 2004), Анҷумани 18-уми устодони забони форсии Ҳиндустон (Деҳлӣ-Ромпур, 1996), Анҷумани тамаддуни эронӣ дар оғози қарни XXI (Маскав, 2002), Анҷумани эроншиносӣ (Теҳрон, 2003), “Мавлавӣ ва ҷаҳони муосир” (Алмаато, 2007) ва ғ.
Узви Анҷумани устодони забон ва адаби форсӣ (Эрон), узви Анҷумани устодони забону адаби форсии Ҳинд ва узви ҳайъати таҳририяи чандин маҷаллаву рӯзномаҳо буд[2].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ибтикори бевоситаи ӯ дар вилояти Суғд маҳфили адабии «Ганҷи сухан» роҳандозӣ шудааст, ки дар ҳаёти маънавии кишвар нақши муҳиме дорад ва дастовардаҳои он ҳамасола дар авроқи Армуғони «Ганҷи сухан» интишор меёбанд.
Дар боби Рӯдакишиносӣ ду китоб – «Рӯдакӣ» (Хуҷанд, 1999), «Рӯдакӣ – устоди суханварони Аҷам» (дар ҳамқалами Ф. Насриддинов, Хуҷанд, 2008) ва бештар аз даҳ мақола таълиф намудааст. Китоби «Рӯдакӣ» аслан аз мақолоти алоҳида, ки масоили нусхашиносӣ, нақду баррасӣ ва асолату сиҳҳати ашъори бозмондаи Рӯдакиро дар бар мегиранд, иборат аст. Ба маҷмӯъи мақолоти китоб «Девони ашъори Рӯдакӣ», ки бо назардошти тозатарин дарёфти муҳаққиқони Рӯдакишинос ва асноди фарогири ҳамаи нашрҳои осори Рӯдакӣ фароҳам омадааст, мулҳақ гардидааст. Ҳамчунин, ба осори боқимондаи шоир фасли мухтасари «Феҳрасти сарчашмаҳои ашъори Рӯдакӣ» (танзими Саид Нафисӣ) замима шудааст, ки дар он тамоми манобеъ ва маохизи осори суханвар сабт ёфтаанд. Ҳамзамон, дар пайи ҳар шеър ва ҳар байти осори Рӯдакӣ рақамҳое, ки ба сарчашмаву манобеъи ашъори шоир ишора мекунанд, гузошта шудаанд, ки мушкили муҳаққиқону хонандагони ашъори асили суханварро дар мавриди дарёфту мутолиаи онҳо аз манобеъи мутааддидаи қадима хеле осон мегардонанд. «Рӯдакӣ – устоди суханварони Аҷам» маҷмӯъи мақолоти Рӯдакишиносии Абдулманнони Насриддин аст, ки бар он таъдоде аз ашъори Рӯдакӣ бар мабнои нашри нави «Девони Одамушшуаро» (нусхаи мураттабнамудаи Қодири Рустам, Алмаато, 2007) бо миқдоре аз тасҳеҳот илова гардидааст. Абдулманнони Насриддин бо мақолоти ба масоили мухталифи рӯзгору осори Устод Рӯдакӣ ихтисосдодаи хеш, аз қабили «Мансубияти осор – атрибутсия», «Тағйироти матн», «Маънигузорӣ дар назми Рӯдакӣ ва муосирони ӯ», «Асолати сухан ва сиҳҳати матн», «Нигоҳе ба тасҳеҳу нашри ашъори Рӯдакӣ», «Манбаъшиносии осори асили Рӯдакӣ», «Сарвати миллӣ ва ҳуҷҷати ифтихор», «Шарҳи ашъори Рӯдакӣ» ва ғ. ба таҳқиқи саҳифаҳои нокушода ва мавзӯоти наомӯхтаи Рӯдакишиносӣ пардохта, дар ин замина ҷодаи наверо ҳамвор намудааст. Муҳимтарин сифати диди илмии ӯ дар ин таълифот ба ҳам овардани масъалаҳои матншиносӣ, мазмуншиносӣ ва шарҳи ашъори Рӯдакӣ мебошад, ки хусусият ва марҳалаҳои умдаи инкишофи матншиносии осори шоир ва масоили илмиву амалии Рӯдакишиносиро ба қаламрави худ ворид намуда, пойгоҳи шоистае дар маърифати ҳикмати олии Рӯдакӣ фароҳам оварда тавонистааст.
Асарҳои дигари Абдулманнони Насриддин, монанди «Шамсу-л-луғот» ва аҳамияти он барои луғатшиносии тоҷик» (1982), «Нависанда ва шореҳи осори адабӣ» (1990), «Маърифат ва шарҳи адабиёт» (1991), «Фарҳанги мушкилоти адабиёт» (Хуҷанд, 1993), «Сухани фаришта» (Хуҷанд, 1997), «Сеҳри мубин» (Хуҷанд, 1997), «Шарҳнависӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик» (дар 2 ҷилд, Хуҷанд, 2000, 2001), «Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд» (Хуҷанд, 2003), «Таърихи адабиёти форсу тоҷик» (дар ҳамқаламии Ш. Тоҷибоев; Хуҷанд, 2004), «Ҳаким Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» (Хуҷанд, 2005), «Тазкираи шуарои Хуҷанд» (Теҳрон, 2006, 2007), «Ошнойӣ бо тарҷумаҳои форсии Қуръони Карим дар Эрону Тоҷикистон» (Теҳрон, 2007), «Чиҳил мақола» (Хуҷанд, 2007), «Матншиносии осори адабӣ» (Хуҷанд, 2009), «Бо корвони нур» (Хуҷанд, 2010) ва ғ. соҳаи шарҳу тафсир ва нусхаву матшиносӣ, шинохти Қуръону ислому ирфон, Румию Камолпажӯҳишӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи дастовардаҳои илмию адабии ҳавзаи Хуҷанди кишвари паҳновари ориётаборон ва, умуман, масоили умдаи адабиёти форсии тоҷикӣ сухане тоза буда, аз ҷониби донишмандону ховаршиносони номвари олам мавриди ситоишу эътироф қарор гирифтаанд. Ниҳоят, соли 2013, ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯзи муҳаққиқи тавоно, сарварону донишмандони дақиқназару сипосгузори вилояти Суғд осори бозмондаи ӯро дар ҳафт ҷилди муҷаллои «Куллиёти осор»-аш интишор доданд, ки ҷамъан 4526 саҳифа (282 ҷ.ч.)-ро фаро гирифта, беҳтарин ёдгори рӯзгори олим ва гуётарин намунаи посдории хотиру мероси гузаштагони фарзонаамон мебошад. Намунаҳое аз осори Абдулманнони Насриддин, ҳамчунин, дар Эрон, Ҳиндустон, Русия, Украина, Қазоқистон ба табъ расидаанд. Ӯ дар конфаронсу ҳамоишҳои байналмиллалии Теҳрон (1994, 1996, 1999, 2004, 2006), Табрез (1996), Деҳлӣ (1996), Ромпур (1996), Машҳад (1999), Маскав (2001, 2008), Алмаато (2007) ва ғ. ширкату суханронӣ карда, дар ҷаҳонишавии шуҳрати илми ҳозиразамони тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст[1].
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нависанда ва шореҳи асари бадеӣ. - Душанбе, 1990;
- Маърифат ва шарҳи адабиёт. - Душанбе, 1991;
- Фарҳанги мушкилоти адабиёт. - Хуҷанд, 1992;
- Сеҳри мубин. - Хуҷанд, 1993;
- Рӯдакӣ. - Хуҷанд, 1999;
- Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик. Китобҳои 1 ва 2. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2000-2001;
- Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2003;
- Тазкираи Шуарои Хуҷанд. - Хуҷанд, 2005, нашри дувум - Теҳрон, 2006;
- Ошноӣ бо тарҷумаҳои форсии Куръони карим. - Теҳрон, 2007[3].
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 157-158 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
- ↑ http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 20 ноябр
- Зодагони соли 1953
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ғафуров
- Даргузаштагони 30 июл
- Даргузаштагони соли 2011
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон