Абдунабӣ Сатторзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдунабӣ Сатторзода
Сатторов Абдунабӣ
Сурат
Санаи таваллуд:

27 феврали 1941

Зодгоҳ:

деҳаи Варзиканда ноҳияи Панҷакент

Сатторзода Абдунабӣ - 27 феврали соли 1941, доктори илмҳои филологӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Узви ҲДТ.

Зиндагинома[вироиш]

Абдунабӣ Сатторзода 27 феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Баъд аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа аз соли 1954 то соли 1958 дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дарс хондааст. Сипас ба ДДТ ворид гардид, онро соли 1963 ба анҷом мерасонад. Аз соли 1963 то соли 1993 дар ДДТ аввал ба сифати лаборант, баъд аспирант, устоди кафедраи адабиёти классикии тоҷик ва мудири ҳамин кафедра ифои вазифа намудааст.

Фаъолият[вироиш]

Дар ин фосила як муддати муайян мудири шӯъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» (нашрияи Иттифоқи нависандагони тоҷик) (1967 – 1968), командири қисми ҳарбии 3408 Вазорати умури дохилаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1969 – 1971), ва докторанти Донишгоҳи Москва (1970 – 1980), устоди Пуҳантуни Кобул (1985 – 1987) буд. А. Сатторзода доктори илмҳои филологӣ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмӣ ва адабиаш аз 160 зиёд буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон аз он ҷумла дар Эрон, Афғонистону Амрико, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Украина, Ӯзбекистон ва ғайра нашр шудаанд.

Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи 10 нафар аз муассисони ҲДТ (10 августи соли 1990) мебошад ва аз ҳизби мазкур дар музокироти сулҳи байни тоҷикон (1994 – 1997) намояндагӣ мекард.(нигаред:Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон) Нақши ӯ дар шомил гардидани ҲДТ ба ҷараёни музокирот ва боқӣ мондани он дар ҳайати ИНОТ калон аст, зеро маҳз Сатторзода буд, ки ба намояндагӣ аз ҲДТ зери санади сарнавиштсози «Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли мусолимматомези низои низомӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон» (7 декабри соли 1993) имзо гузошт ва санади мазкур асоси музокироти таърихӣ миёни ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон гардид.

Фаъолияти Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси узви зеркомиссияи сиёсии КОМ муассир ва назаррас буд. Ҳамзамон мавсуф ба сифати сиёсатмадор ва донишманд дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат менамояд. Вай дар ин охирҳо дар чандин конфронсу семинарҳои илмии умумиҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ гузоришҳо дошт. А.Сатторзода аз соли 1993 иштироккунандаи доимии муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конфронси Дартмут якҷо бо сиёсатшиносон ва дипломатҳои варзидаи амрикоӣ ва русӣ мебошад.А.Сатторзода тибқи саҳмияи сӣ дар сада 17 марти соли 2000 ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин гардида дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Осори илмӣ[вироиш]

Профессор А. Сатторзода яке аз тартибдиҳандагони маҷмӯаи санадҳои «Пайки Оштӣ» (Душанбе, 1998), тарҷумони «Меморандумҳо ва эъломияҳои муколамаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи Конфронси Дартмут» (Москва, 1997) ва китоби Ҳ. Сандерс ва Г. Чуфрин «Раванди сулҳи омма дар амал» (Душанбе, 1998, Дипломатияи муосири тоҷик (2006) (бо Талбак Назаров) аст. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмӣ ва адабиаш аз 160 зиёд буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон аз он ҷумла дар Эрон, Афғонистон, Амрико, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Украина, ӯзбекистон ва ғайра нашр шудаанд. Мавсуф донандаи забонҳои форсӣ (дарӣ), русӣ ва узбекӣ буда, ба забони англисӣ мехонад ва сӯҳбат мекунад.

А.Сатторзода барои хизматҳои арзандааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Манобеъ[вироиш]