Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ
Зодгоҳ: Қазвин
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоир ва адиби эронӣ (охири садаи XVI – ибтидои садаи XVII).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш – Қазвин илмҳои мутадовилаи замонашро омӯхт ва ба шеъру шоирӣ дар синни камолот майлу рағбат пайдо намуд. Дар 19-солагӣ ба Машҳад омад ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафт. Ба шаҳрҳои Лоҳур, Кашмир сафар кардааст. Соли 1619 дар шаҳри Патна ба дарбори Сардорхон Хоҷа Ёдгор роҳ ёфт.

Осори боқимонда[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Абдуннабӣ то замони мо осори манзуму мансур боқӣ мондааст. Дар навъҳои адабии шеъри адабиёти форс-тоҷик – рубоӣ, ғазал, қаси- да ва ғайра бо тахаллусҳои «Иззатӣ» ва «Набӣ» шеърҳо эҷод кардааст. Яке аз муҳимтарин асарҳои Абдуннабӣ тазкираи «Майхона» мебошад. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Абдуннабӣ ҳофизаи хубе дошта, қиссаву ривоятҳои бисёри халқиро медонистааст. Ин қиссаву ривоётро ӯ дар китобе бо номи «Наводир-ул-ҳикоёт» (номи дигараш «Баҳр-ун-наводир»; таълифаш 1632) ҷамъ овардааст. Ба қалами ӯ асарҳои мансур бо номи «Дастур-ул-фусаҳо», «Тироз-ул-ахбор» низ тааллуқ доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]