Абдураҳимбий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдураҳим-бий
бийи Хонигарии Хӯқанд
1722 — 1733
Ҷонишин Абдукаримбий 1733

Таваллуд 1700
Даргузашт 1733
Сулола мингҳо
Падар Шоҳрӯхбий[d]
Фарзандон Erdeni Beg[d]

Абдураҳимбий (1700, Хуҷанд1733, ҳамон ҷо), Абдураҳимхон — фарзанди Шоҳрухбийи Атолиқ, хони Хӯқанд. Солҳои ҳукуматаш 1721 – 33, аз сулолаи ӯзбакзабони[1] мингҳо.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1725 аз вазъи нобасомонии хонигарии Бухоро истифода бурда, бо сипоҳи 20 ҳазорнафараи худ Хуҷанд (1725), ӯротеппа (1726) ва сипас Самарқандро (1732) тасарруф намуд. Абдураҳимбий духтари ҳокими Шаҳрисабз Олимбекро, ки Ойчучук-ойим ном дошт, ба никоҳи худ даровард. Абдураҳимбий бо кумак ва тарафдории ашрофи Шарҳрисабз ба муддати шаш моҳ дар Самарқанд иқомат ихтиёр кард ва сипас бо сипоҳаш ба Фарғона баргашт ва дар Хӯқанд қарор гирифт. ӯро бархе аз муаррихин ба унвони поягузори шаҳри Хӯқанд донистаанд. Абдураҳимбий дар ободии шаҳри Хӯқанд иқдомотеро низ анҷом додааст. Чунончи, дар аҳди ӯ қалъае бино шудааст, ки ҳам акнун дар миёни мардум ба номи «Қӯрғони куҳна» маъруф аст. Абдураҳимбий соли 1733 дар натиҷаи сӯиқасд дар Хуҷанд ба қатл расид. Баъд аз қатли ӯ тахти хонии Хӯқанд насиби бародараш Абдулкаримбийи Минг шуд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Bosworth C. E. The new Islamic dynasties. A chronological and genealogical manual. N.Y., 1996. Р. 295

Адабиёт[вироиш]

  • Бобобеков Ҳ. Н., Қӯқон тарихи, Тошкент, 1966;
  • История Ленинабада, Д., 1986.

Сарчашма[вироиш]