Абдураҳим Акбаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳим Акбаров
Абдураҳим Акбаров
Таърихи таваллуд 10 феврал 1944(1944-02-10) (80 сол)
Зодгоҳ Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Институти умумииттифоқии тадқиқоти сифат ва стандарт, Институти илмӣ-тадқиқотии умумииттифоқии истеъмолӣ ва копператсия (ВНИИПК), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Абдураҳим Ахмедович Акбаров (тав. 10.02.1944, ш. Қурғонтеппа) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1973), дотсент (1985).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1961–1966 дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинтаҳсил намудааст. Солҳои 1966–1968 коромӯзи илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ИҶШС дар ш. Москва, 1968– 1973 аспиранти институти мазкур, 1971–1972 афсари Артиши Шӯравӣ буд. Солҳои 1973–1975 ҳамчун корманди илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, 1975–1980 мудири шуъбаи Тоҷикистонии Институти умумииттифоқии тадқиқоти сифат ва стандарт, 1981–1984 сариқтисодчии совхози «Навбаҳор»-и ноҳияи Коммунистӣ (имрӯза Бохтар), 1985–1986 корманди калони илмии филиали Институти илмӣ-тадқиқотии умумииттифоқии истеъмолӣ ва копператсия (ВНИИПК), 1986–1991 мудири шуъбаи ояндабинии филиали Тоҷикистонии институти номбурда, 1991–1993 сардори шуъбаи Вазорати робитаҳои иқтисоди хориҷии Тоҷикистон, 1993–2008 сармутахассиси шуъбаи иқтисодӣ, шуъбаи сохтмон ва шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2008–2009 сардори Раёсати макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2010 дотсенти кафедраи иқтисодиёт дар соҳаи маориф ва муовини декани факултети иқтисодиёт дар соҳаи маорифи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои талаботи аҳолӣ, истеъмоли молҳо, идораву мудирияти қарзҳои беруниву дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодӣ кори илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 15 таълифотҳои илмӣ аз ҷумлаи рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ мебошад.


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]