Абдураҳмон Лакимович Қодиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳмон Қодиров
Абдураҳмон Лакимович Қодиров
Таърихи таваллуд 25 июл 1955(1955-07-25) (68 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Фазои илмӣ олим

Абдураҳмон Лакимович Қодиров (25.07.1955, шаҳри Хуҷанд) — мухандис, докторӣ илмҳои иқтисодӣ (2000), профессор (2001).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи низомҳои идоракунии автоматикунонидаи Донишгоҳи миллии радиоэлектроникаи шаҳри Харковро хатм кардааст (1977). Сармухандиси Пажӯхишгохи иқтисодии Комиссияи лоихакашии ҶШС Тоҷикистон (1977-1979), сарконструктори бахши душанбегии Пажӯхишгохи умумииттифокии лоихавию технологи (1979-1982), аспиранти Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи ш.Маскав (1982-1985), муаллим, сармуаллим, дотсент, мудири кафедра ва декани факулта (1986-1993), директори бахши Хуҷандии Донишгоҳи тичоратии Тоҷикистон (1993-1994), ноибректори ДДБХСТ (1994-1996), ноибректори ДДХ (1996-2000), директори Донишкадаи менечмент ва технологияи компутарии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз с.2000). Аз «Информатика» ва «Эконометрика» дарс мегӯяд, менечер-соҳибкор мебошад. К. узви шӯроҳои экспертии якчанд хазинаҳои байналхалқи аст. Иштироккунандаи як катор конфронсу хамоишҳои байналхалқи (Маскав, 1985-87, Техрон 1997, Харков 2001, Туапсе 2005). Дорандаи чоизаи вилоятии ба номи академик Б. Ғафуров (2002).

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Динамика организационной структуры управления народным хозяйством Таджикистана. -Худжанд, 1998;
  • Методы и модели организационного проектирования. -Д.: Ирфон, 1991;
  • Моделирование организационной структуры управления национальной экономикой. -Худжанд: Хуросон, 1999;
  • Асосҳои сохибкори ва маркетинг. -Хуҷанд: Хуросон, 2001;
  • Асосҳои фаъолияти тичорати. -Хуҷанд: Хуросон, 2002.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]