Абдураҳмон Маҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдураҳмон Маҳмадов
Абдураҳмон Наврӯзович Маҳмадов
Санаи таваллуд:

25 июн 1958(1958-06-25) (61 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Мӯминобод, ҶШС Тоҷикистон СССР

Фазои илмӣ:

сиёсатшиносӣ

Ҷойҳои кор:

Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои сиёсатшиносӣ

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович (25.06.1958, шаҳраки Мӯъминободи н. Мӯъминобод), доктори илми сиёсатшиносӣ (1993), профессор (1996).

Зиндагинома[вироиш]

Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро соли 1984 хатм намуда, дар ҳамин ҷо чун ассистенти кафедраи коммунизми илмӣ ба фаъолият пардохт.

Аз соли 2015 директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Доманаи таҳқиқоташ васеъ аст, бобати асосҳои сиёсатшиносӣ, амнияти миллии Тоҷикистон ва роҳҳои таъмини он, низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир, ахлоқи сиёсӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоии он, риторика ё илми суханпардозӣ ва мубоҳисаҳои сиёсӣ ва ғайра беш аз дусад таълифот ба табъ расондааст. Барҳақ аз асосгузорони мактаби сиёсатшиносии тоҷик аст.

Осор[вироиш]

  • Луғати мухтасари сиёсатшиносӣ. – Кӯлоб., 1992;
  • Политология, предмет, структура и задачи курса. – Куляб., 1993;
  • Процесс межнационального общения как социално – политического финомина (опыт Таджикистана). – Куляб., 1993;
  • Асосҳои сиёсатшиносӣ. Курси лексияҳо. – 1995;
  • Социология конфликта. – Куляб., 1995;
  • Низои байни тоҷикон ва хусусиятҳои он. – Д., 1997;
  • Политические режимы. – Куляб., 1999;
  • Политическое поведение: социальние факторы и формы проявления. – Д., 2000;
  • Тоҷикистон дар масири истиқлолият. – Д., 2000;
  • Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления. – Д.,2000;
  • Стратегияи амнияти миллии Тоҷикистон. – Д., 2000;
  • Сиёсат ва равандҳои ҷомеа. – Д.,2001;
  • Низои сиёсӣ ва ҷомеаи муосир. – Д., 2003;
  • Политические поведения: некоторые аспекты структурного анализа. – Д., 2003;
  • «Ҳар кӣ моро ёд кард…». – Д., 2005;
  • Фалсафаи варзишии Абӯалӣ ибни Сино. – Д., 2005;
  • О политике и государственной деятельности Алии Хамадони. – Д., 2005;
  • Хаким Санои и необходимость изучения его философии в новых условиях. – Д., 2006;
  • Культура речи Хаджи Хусейна. – Д., 2006;
  • Инновация оброзования и проблемы преподования общественных наук. – Д., 2006;
  • Ибни Сина: Взгляд на физическое воспитание с точки зрения философии. – Киев., 2005;
  • Политическая оппозиция как субъект конфликта. (Опыт социално-политичекого анализа). – Д., 2007;
  • Националный интерес Таджикистана. Методическое руководство. – Д., 2009;
  • Международный олимпизм на пороге XXІ века. – Д., 2010;
  • Суханварӣ ва баҳси сиёсӣ. – Д., 2011 (ҳуруфи форсӣ);
  • Муқаддимаи идеяи миллӣ. Китоби дарсӣ. – Д., 2013;
  • Назарияҳои сиёсии муосир. – Д., 2014;
  • Муошират ҳамчун фаъолияти сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон). – Д., 2015;
  • Общение как политическая деятельность. – Д., 2015;
  • Методикаи таълими риторика. Васоити таълимию методӣ. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
  • Риторика и политическая полемика. – Д., 2015. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 327.