Абдуррашид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуррашид
Абдуррашид ибни Маҳмуд
амири Ғазнавиён
1050 — 1058

Даргузашт

1058(1058)

Сулола

Ғазнавиён

Абдуррашид (Абдуррашид ибни Маҳмуд; (тав.номаълум - 1058) — амири Ғазнавиён.

Зиндагинома[вироиш]

Фармондеҳи сипоҳи Султон Масъуд буд. Рақибони аслии Ғазнавиён дар замони ҳукумати Абдуррашид дар Ғарб салҷуқиён ва дар Шарқ қарохониён буданд. Солҳои ҳукумати Абдуррашид ба ҷанг бо салҷуқиён барои тасарруфи Систон ва манотиқи ғарби Афғонистон гузашт. Сиёсати хориҷии Абдуррашид муваффақомез набуд, бинобар он нуфузи ғазнавиён дар Хуросон ва ҷанубии Мовароуннаҳр сахт коҳиш ёфт. Дар манбаъҳои таърихӣ Абдуррашидро подшоҳи истибдодгар ва дар бархе аз онҳо фозилу хирадманд васф кардаанд. Дар сиккаҳояш бо лақабҳои «Изуддавла» нақш шуда, ҳамзамононаш бар ӯ номҳои «Шамсуддавла», «Ҷамолуддавла», «Мазоҳири халифатуллоҳ»-ро гузошта буданд. Тибқи ривояти таърихӣ аз тарафи ғуломи турке бо номи Туғрул соли 1058 кушта шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]