Абдурраҳими Низорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳими Низорӣ
Номи пурра Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самарқандӣ
Таърихи таваллуд: 1770(1770)
Зодгоҳ: Қошғар
Таърихи даргузашт: 1848(1848)
Маҳалли даргузашт: Турфон
Навъи фаъолият: шоир, хаттот

Абдурраҳими Низорӣ — шоир ва хаттоти уйғур.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дарбори ҳокими Қошғар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805). Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Вомиқ ва Узро», «Чаҳор дарвеш», «Маҳзун ва Гулнисо», «Масъуд ва Дилоро», «Робия ва Саъдин», «Дурр-ун-наҷот», «Малика ва шоҳ»)-ро мураттаб намуда, ба ҳар яке аз достонҳо дебоча навиштааст.

Мероси адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурраҳими Низорӣ беш аз 20 достон, 80 мухаммас, қасида ва қиссаҳо эҷод кардааст. Абдурраҳими Низорӣ инчунин шеърҳои Бедил, Навоӣ, Хайём, Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва аз «Ҳазору як шаб» 370 ҳикояро ба забони уйғурӣ тарҷума намудааст. Куллиёти Навоиро китобат кардааст. Нусхаи нодири он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст (№ 136).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]