Jump to content

Абдурраҳими Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳими Хоразмӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хаттот, шоир
Солҳои эҷод: 1460[1]1494[1]
Забони осор: тоҷикӣ,форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдурраҳими Хоразмӣ (? — баъди 1494) — хаттот, шоир ва донишманди форс-тоҷик, писари Абдурраҳмони Хоразмӣ ва бародари Абдулкарими Хоразмӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи зиндагии ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест. Вай асосан дар Шероз ва Табрез зиндагӣ кардааст. Ҳунари хаттотиро дар овони бачагиаш аз падараш омӯхтааст. Фаъолияти хушнависии Абдурраҳими Хоразмӣ асосан ба солҳои 1460 — 94 рост меояд. Дар дарбори Яъқуб ибни Ҳасан Оққуюнлу (ҳукмронӣ 1478 — 90) хушнавис будааст. Абдурраҳими Хоразмӣ девони Алишери Навоӣ (охири 1471), девони Анисӣ (1493 — 94) ва девонҳои шуарои дигарро бо хати зебо ва дилписанд китобат кардааст, ки ҳоло дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Истанбули Туркия маҳфузанд. Сабк ва услуби хаттотии Абдурраҳими Хоразмӣ дар миёни хаттотон ва хушнависон то охири садаи XV ба унвони хати улгӯ (намунавӣ) маҳсуб мешуд. Муҳаққиқин ва пажӯҳишгарони осори Абдурраҳими Хоразмӣ бар ин ақидаанд, ки ҳунари Абдурраҳими Хоразмӣ ба мактаби хаттотии дарбори Сафавиён таъсири вижае доштааст. Ба ақидаи Қозӣ Аҳмад (дар «Гулистони ҳунар») теъдоди зиёди хаттотон ва хушнависони Шероз худро аз пайравон ва ҳаводорони сабки Абдурраҳими Хоразмӣ медонистанд. Абдурраҳими Хоразмӣ табъи шоирӣ низ дошта, бо тахаллуси «Анисӣ» шеърҳои хуб гуфтааст. Қозӣ Аҳмад дар китоби «Гулистони ҳунар» аз ашъори Абдурраҳими Хоразмӣ намунаҳо овардааст.