Абдурраҳмонхон
Абдурраҳмонхон | |
|---|---|
| пашту: عبد رحمان خان | |
| | |
|
Амири Афғонистон
|
|
| 1880 — 1901 | |
|
|
|
| Таваллуд |
1840 ё 1844[1] |
| Даргузашт |
1 октябри 1901 |
| Оромгоҳ | |
| Падар | Mohammad Afzal Khan[d] |
| Фарзандон | Nasrullah Khan[d] ва Ҳабибуллоҳхон[d] |
| Дин | суннӣ |
| Ҷоизаҳо | |
Абдурраҳмонхон (1844 — 12 октябр и 1901) — Амири Афғонистон дар солҳои 1880—1901
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 60 садаи XIX ҳокими Тошқӯрғон буд. Барои тоҷу тахти Кобул бо амакзодаи худ Шералихон мубориза бурд. Соли 1869 шикаст хӯрда, ба Самарқанд омад ва ёздаҳ сол истиқомат намуд. Баъди ҷанги дуюми байни Англия ва Афғонистон ба ватанаш баргашт, бо ёрии сардорон ва пешвоёни лашкари халқӣ соли 1880 соҳиби салтанати Кобул гардид. Дар аҳди Абдурраҳмонхон дар Кобул зарробхона, матбаа ва корхонаи калони саноатии «мошинахона» сохта шуд, ки аз тиру тӯпу аслиҳа то либосу афзори қувваҳои низомиро истеҳсол менамуд. Тамоми мансабҳои ҳарбӣ ва раиятӣ ба уҳдаи сардорон ва маликҳои қабилаҳои афғон вогузор шуда, халқҳои ғайриафғон — тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва ғайра ҷабру ситами беандоза мекашиданд ва бори вазнини сарфу харҷҳои бепоёни феодалӣ ба зиммаи онҳо буд. Даромади хазинаи амир аз ҳисоби маҳсули дастранҷи заҳматкашон аз 1, 5 курур (1 курур = 10 млн) ба 7 курур рупия расид. Ба муқобили зулму бедодгариҳои феодалӣ дар байни ғилзоиҳо, вардакҳо, ҳазораҳо, бадахшониҳо, фирӯзкӯҳиҳо, балучҳо ва ғайра борҳо шӯру ошӯбҳои халқӣ ба амал омад. ӯ унвони фахрии «Зиёи миллату дин»-ро гирифт, лекин халқ ӯро «амири сиёҳ» меномид. Сиёсати хориҷии Абдурраҳмонхон таҳти назорати ҳукумати Англия қарор гирифт. Абдурраҳмонхон шартномаи нангини Гандумак ва «Хати Дюранд»-ро тасдиқ намуд, сарнавишти миллионҳо паштунҳои сарҳадоти шимолӣ ғарбии Ҳиндустонро ба дасти англисҳо супурд ва гунаҳкори ба вуҷуд омадани масъалаи Паштунистон гардид. Абдурраҳмонхон дар натиҷаи сӯиқасди дарбориён кушта шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #119559722 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдурраҳмонхон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони соли 1840
- Зодагони соли 1844
- Зодагони Кобул
- Зодагони Афғонистон
- Даргузаштагони 1 октябр
- Даргузаштагони соли 1901
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)