Абдурраҳмон ибни Мулҷам
ар. عبد الرحمن بن ملجم المرادي | |
![]() | |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | 661 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | assassin |
Абдурраҳмон ибни Амр ибни Мулҷами Муродӣ (ар. عبد الرحمن بن ملجم المرادي; номаълум — 661, Куфа) — қотили Алӣ ибни Абитолиб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Мулҷам аз пайравони Алӣ буд, вале пас аз воқеаи ҳакамият дар ҷанги Сиффин ба хавориҷ пайваст. Тибқи ривояти машҳур, Ибни Мулҷам бо ду тани дигар аз хавориҷ баъди адои ҳаҷ дар Макка гирд омада, Алӣ ибни Абитолиб, Муовия ибни Абисуфён ва Амр ибни Осро сарони фитна хонданд ва нақшаи қатли онҳоро кашида, дар ин бора бо якдигар аҳд бастанд. Ибни Мулҷам куштани Алӣ ва он ду тани дигар куштани Муовия ва Амр ибни Осро ба уҳда гирифтанд. Ибни Мулҷам ба Куфа омад ва дар масҷид ҷой гирифт. Субҳи 19-уми рамазони соли 661 ҳангоми субҳ дар саффи аввали намозгузорон ва дар пушти имом истод. Вақте Алӣ барои намози субҳ ният кард, Ибни Мулҷам бо хитоби «Эй Алӣ! Ҳукм мар Худойрост, на туро!» бар пушташ бо шамшер зарба зад. Пас аз он намозгузорон ӯро дастгир карданд. Алӣ баъди се рӯз шаби 21-уми рамазон фавтид. Ибни Мулҷам дар қисоси вай бо як зарбаи шамшер аз тарафи Ҳасан ибни Алӣ кушта шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Мулҷам / Ҳ. Исмоилзода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.