Абдуррофеи Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуррофеи Ҳиравӣ
Зиёуддин ибни Абулфатҳ
Навъи фаъолият:

шоир

Абдуррофеи Ҳиравӣ — шоири форс- тоҷик (асри 12).

Зиндагинома[вироиш]

Шахси таҳсилдида, «дар улуми ақлияву адабия ва тиббу луғат» (Забеҳуллоҳи Сафо) беҳамто будааст. Пас аз касби камол нахуст дар дарбори Ғазнавиён (Хусравмалики Ғазнавӣ, ҳукмронӣ 11591187), баъдтар дар даргоҳи Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ (вафот 1203) хидмат кардааст.

Осори шоир[вироиш]

Аз осораш ғазалҳо, порчаҳои манзум дар тазкираҳо боқӣ мондаанд, ки равону дилкашанд ва гувоҳи табъи баланду сухандонии ӯянд. Рисолаи манзуме бо номи «Ҷалолия» дар тафсири Наврӯз аз таълифоти ӯст.

Эй дил, биёр мужда, ки ҷонон ҳамерасад
В-эй дида, ҷой соз, ки меҳмон ҳамерасад.
В-эй тан, агарчи кори ту аз ғам ба ҷон расид,
Ҷонро фирист пеш, ки ҷонон ҳамерасад.
Кори нишоту лаҳв зи сар тоза кун кунун,
Чун ранҷҳои ҳаҷр ба поён ҳамерасад.
Айёми дарду меҳнату шиддат ҳама гузашт,
Ҳангоми рӯҳу роҳату дармон ҳамерасад…

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Забеҳулло Сафо, Таърихи адабиёт дар Эрон, ҷ. 2, Т., 1336 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш]