Абдусалом Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Абдусалом Абдуллоев
Абдусалом Абдуллоев
Сурат
Навъи фаъолият:

рассом

Санаи таваллуд:

15 декабр, 1951

Зодгоҳ:

Конибодом, ҶШС Тоҷикистон

Абдусалом Абдуллоев 15 декабр, 1951 — рассоми боистеъдод Тоҷикфилм. Дар Москав таҳсил кардааст. Бисёр эҷодиёташ дар маҷаллаҳои ба монанди Машъал ба нашр расидаанд.

Зиндагинома[вироиш]

Дар мактаби санъат таҳсил карда соли 1970 онро хатм кардааст. Баъд ба факултаи санъати ВГИК дар шаҳри Москва дохил мешавад. Аз соли соли 1976 то 1992 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба ҳайси рассом фаъолият кардааст. Дар аввал рассом ороишгар буд, баъд тарроҳи саҳнаву либос ва коргардони ҳунарӣ дар 18 филмҳои ҳунарӣ ва телевизионӣ буд.

Соли 1992 ӯ ба унвони ороишгар наққош ба редаксияи маҷаллаи ҷавонон "Истиқбол" ба кор омад, ки дар он то имрӯз фаъолият мекунад. Дар соли 2002, намоишгоҳи инфиродии ӯ баргузор шуд. Абдуллоев иштирокчии бисёр намоишгоҳҳои миллӣ ва байналмиллалӣ аст, ва беш аз 35 китобҳои кӯдакона ва ҷавононро оро додааст[1].

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://www.istiqbol.org/ru/staff/index.html Истиқбол (дастраси 12 июли 2011)

Пайвандҳои беруна[вироиш]