Абдусалом Абдуқодиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдусалом Абдуқодиров
Санаи таваллуд:

19 декабр 1949(1949-12-19) (68 сол)

Зодгоҳ:

Ғончӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС

Мамлакат:

Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Мукофоту ҷоизаҳо:

медали «Барои шуҷоати ҳарбӣ»(1970), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998)

Абдусалом Абдуқодиров  (тав. 19 декабри 1949, Ғончӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — адабиётшиноси ӯзбекзабони Тоҷикистон, доктори илмҳои филология (1998), профессор (1999). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Иннститути давлатии педагогии Ленинобод (1974). Пас аз хатми мактаби миёна мудири китобхонаи мактаб, омӯзгор буд ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст (1966 – 70). Лаборанти калон (1974 – 76), муаллим (1976 – 88), мудири кафедраи адабиёти ӯзбекӣ (1988 – 98), декани факултети филологияи ӯзбекӣ (1998 – 99), ҷонишини декан (1999 – 2000), мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти ӯзбекии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2001 – 04). Аз соли 2004 мудири кафедраи адабиёти ӯзбекии ҳамин донишгоҳ.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи 8 монография, 5 рисола, 1 китоби дарсӣ, 13 дастури таълимӣ-методӣ, беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ. Дар оғози фаъолияти илмӣ ба масъалаҳои анъана ва навоварӣ, поэтикаи назми ӯзбекии давраи ҶБВ (1941 – 45) машғул шудааст («Назми ҷанговар», 1990). Аз солҳои 90 асри 20 ба пажӯҳишу баррасии масъалаҳои тасаввуф ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек дар мисоли эҷодиёти Навоӣ машғул аст («Амир Алишери Навоӣ ва шоирони классики тоҷик» 2007). Мавзӯи рисолаи докториаш «Тасаввуф ва эҷодиёти Алишери Навоӣ (дар асоси масъалаи ваҳдати вуҷуд)» мебошад. Зимни баррасии ин мавзӯъ Абдуқодиров ба эҷодиёти шоирони орифи форс-тоҷик Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар таваҷҷӯҳ намудааст. Фарҳанги мухтасари тафсирии истилоҳоти тасаввуфии (дар 2 китоб; 1997 ва 2002) тартибдодаи Абдуқодиров дар асоси маводи ҳамин мавзӯъ ба миён омадаанд.

Абдуқодиров барои мактабҳои таҳсилоти умумии ӯзбекзабони ҶТ китобҳои дарсии «Адабиёт» (2007) ва «Адабиёти Ватан»-ро (2003) таълиф намудааст. Дастурҳои таълимии Абдуқодиров оид ба назмшиносӣ, хониши ифоданок ва ғайра барои мактабҳои олии ҶТ таъйин гардидаанд. Корҳои илмии Абдуқодиров дар ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Қирғизистон маъруфанд. Бо роҳбарии Абдуқодиров 4 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Мукофот[вироиш]

Осор[вироиш]

  • ӯзбакӣ: Назми ҷанговар. — Тошканд: Укитувчи, 1990;
  • ӯзбакӣ: Навоий ва тасаввуф. — Хужанд, 1994;
  • ӯзбакӣ: Навоий ва нақшбандия. — Хужанд, 1994;
  • ӯзбакӣ: Навоий ва вахдатулвужуд таълимоти. — Хужанд: Нашриёти давлатии ба номи Р.Ҷалил, 1995;
  • ӯзбакӣ: Амир Алишер Навоий. — Хужанд: Нури маърифат, 2003;
  • ӯзбакӣ: Тасаввуф ва Алишер Навоини эжодиёти. — Хужанд: НашПайвандҳориёти давлатии ба номи Р.Ҷалил, 2004 ва ғ.

Эзоҳ[вироиш]

Пайванҳо[вироиш]

  • Мелиқӯзи Иброҳимов. ПРОФЕССОР АБДУҚОДИРОВ(рус.). «ХАЛҚ ОВОЗИ» - Тожикистон Республикаси Ҳукуматининг ӯзбек тилидаги расмий нашрияси. www.khalkovozi.tj. 13 июни 2017 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш]