Абдусаломи Муборакпур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдусалом Ал-Муборакпур)
Абдусалом Ал-Муборакпур
Абулҳуда Муҳаммад Абдусалом Ибн-аш Шайхон Муҳаммад Муборакпур
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, муаррих
Таърихи таваллуд: 1872(1872)
Вироиши Викидода

Абулҳуда Муҳаммад Абдусалом Ибн-аш Шайхон Муҳаммад Муборакпур (18721924) — муҳаддис ва муаррих.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи зиёиёни тақводор. Қуръони карим, ҳадиси набавӣ, тафсир, фиқҳ, таърих, ҳикмат ва илми тибро ба қадри замони худ хеле хуб омӯхтааст. Абдусалом 22 соли ҳаёташро ба омӯзгорӣ бахшид; аз мадрасаи ибтидоӣ сар карда то мадориси олӣ дарс гуфтааст. Дар солҳои охири ҳаёт мударриси Донишгоҳи «Дор-ул-ҳадис-ар-раҳмония» буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба ислом ва таърих асарҳои бисёре эҷод кардааст. Аз ҷумлаи онҳо «Сират-ул-Имом-ал-Бухорӣ» дар олами ислом хеле машҳур буда, дар он доир ба асарҳои илми ҳадис ва муҳаддисон хеле батафсил ва мукаммал маълумот дода шудааст. Ин асар дар Банорас ду маротиба (1955 ва 1986) ба табъ расидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]