Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдусатор Аминов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусаттор Аминов
Аминов Абдусатор Ҳакимович
Таърихи таваллуд 2 сентябри 1974(1974-09-02) (52 сол)
Зодгоҳ деҳаи Бобои Валӣ, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ зистшиносӣ, омӯзгорӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Абдусаттор Аминов (Аминов Абдусатор Ҳакимович; зод. 2 сентябри 1974, деҳаи Бобои Валӣ, ноҳияи Файзобод) — зистшинос, табиб ва омӯзгори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусатор Аминов 2 сентябри соли 1974 дар деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод дар оилаи коргар ба дунё омадааст[1]. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кофарниҳон (ҳоло Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, 1991—1993) ва факултетии биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1994—2000) мебошад.

Лаборанти беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (1993). Муаллими кафедраи биологияи ДМТ (1994—1998). Мудири озмоишгоҳи клиникӣ ва биокимиёии беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, ҳамзамон ассистенти кафедраи ташхиси лаборатории Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (1998—2004).

Аз сентябри 2014 мудири кафедраи ташхиси лаборатории Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бори аввал бо усулҳои тезтайёршаванда муайян намудани гурӯҳи хун, ташхиси муоинаҳои тарбод ва муоинаҳои иммуноферментиро ба роҳ монда, ин усулҳоро ба донишҷӯён меомӯзонад[1].

  • Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2025).
  • Усулҳои таҳқиқоти клиникии лабораторӣ. ДМТ. Д., 2015. 120 с. (ҳаммуаллиф).
  • Усулҳои таҳқиқоти клиникӣ ва биохимиёвии озмоишгоҳӣ. Д., 2016. 432 с. (ҳаммуаллиф).
  • Баҳогузории клиникӣ ба натиҷаҳои таҳқиқоти лабораторӣ. ДМТ. Д., 2020. 204 с. (ҳаммуаллиф).
  1. 1 2 Аминов Абдусатор Ҳакимович // А — Б. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2018—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99985-0-014-3.