Абдусаттор Нуралиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдусаттор Нуралиев
Нуралиев Абдусаттор Нуралиевич
Нуралиев, Абдусаттор.JPG
Санаи таваллуд:

22 август 1941(1941-08-22)

Зодгоҳ:

деҳаи Қушробод, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон

Санаи марг:

20 март 2020(2020-03-20) (78 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

журналистика,рӯзноманигорӣ

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
медали «Ветерани меҳнат»

Абдусаттор Нуралиев (22 августи 1941, ноҳияи Қушробод, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон — 20 марти 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Россия (2011). Раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Қазоқистон».

Зиндагинома[вироиш]

Абдусаттор Нуралиев — (22 августи соли 1941, деҳаи Кушрабоди ноҳия Кушрабоди вилояти Самарқанди Узбекистон), Факултети журналистикаи Донишгохи давлатии Қазоқистонро хатм намуда, (1968) ба Шӯъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омад. Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодиаш дар факултети филология ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён ёфтааст. Аз соли 1993 то ба соли 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996—2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз сентябри соли 2002 мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва минбаъд профессори кафедраи номбурда буд.[1] Абдусаттор Нуралиев 20 марти соли 2020 дар ш. Душанбе вафот кардааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Самти пажӯҳиши Нуралиев масъалаҳои равобити адабии тоҷику қазоқ ва журналистика мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 200 мақолаву рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таалуқ доранд. Мақолаи «Журналистикаи миллатҳои шӯравӣ» дар китоби «Советская многонациональная журналистика» — М., 1975 доир ба журналистика ва матбуоти тоҷик ҷой дода шудааст.

Осор[вироиш]

Инчунин рисолаҳову монографияҳои зер аз нигоштаҳои ӯянд:

  • «Жанрҳои ахбории матбуот» (1988),
  • «Журналистикаи советии тоҷик» (1989 ҳаммуаллиф),
  • «Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ» (1994),
  • «Абай ва адабиёти тоҷик» (1995),
  • «жанрҳои ахбории матбуот» (2007),
  • «Таджикско-казахские литературные связи» (2011),
  • «Информационные жанры печати» (2005),
  • «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» (2005),
  • «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» (2003),
  • «История зарубежной журналистики» (2014).

Ҷоизаҳо[вироиш]

  • медали «Собиқадори меҳнат»,
  • медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон»,
  • медали «Хизмати шоиста»

Эзоҳ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Ҷ.3. — Душанбе, 2004. С.517.

Адабиёт[вироиш]

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Ҷ.3. — Душанбе, 2004. — С.517.
  • Наша Элита./Энциклопедия КазНУ им. Аль-Фараби. — Алматы, 2014. — Т.2. — С.144.
  • Профессор Нуралиев Абдусаттор (Маҷмӯаи мақолаҳо). — Душанбе, 2011.

Пайвандҳо[вироиш]